Факултети информатика ва энергетика 

Факултети информатика ва энергетикаи (ФИЭ) Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази таълимии асосӣ барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои энергетика, информатика, барномарезӣ ва тадқиқотии фундаменталӣ дар лингвистикаи компютерӣ мебошад.

Факултет дар асоси ҳамҷоякунии кафедраҳои "Таъмини барқ ва автоматика" ва "Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ" соли 2015 таъсис дода шудааст.

Ба ҳайати факултет 4 кафедра дохил мешаванд:

Барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ

Таъмини барқ ва автоматика

Иқтисодиёти соҳавӣ

Кафедраи физика ва химия

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин бакалавр ва магистрон тайёр карда мешаванд:

40.01.01 «Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ»

40.01.02 «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»

43.01.03 «Таъмини барқ»

53.01.05 «Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ»

26.01.03 «Идораи захираҳои иттилоотӣ»

45.01.01 «Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо»

Пояи лабораторӣ

Дар факултет таълим бо илм алоқаи зич дорад. Донишҷӯён ҳатман барои тадқиқотҳои илмии кафедраҳо ё лабораторияҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.

Факултет бо техникаҳои ҳисоббарор хуб таъмин карда шудааст. Ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи локалӣ ва бо воситаи он ба интернет пайваст мебошанд. Факултет дорои лабораторияҳои манбаҳои барқароршавандаи энергия ва лабораторияи бехатарии таъмини барқ мебошад.

Дастовардҳои факултет

Факултет бо корхонаҳои азими соҳаи IT ба монанди Google, Microsoft, Cisco, Samsung, Лабораторияи Касперски ва ташкилотҳои барқӣ ба монанди Барқи Тоҷик ва НОБ-и Қайроқум ҳамкорӣ дорад.

Хатмкардагони факултет муаммои бо кор таъмин шуданро надоранд. Хатмкардагони факултет дар ҳамаи соҳаҳои дорои  техникаҳои ҳисоббарор (асосан мутахассисони IT) ва таҷҳизоти барқии баландшиддат (энергетикҳо) кор карда  метавонанд.

Тайёрии назариявии амиқ якҷоя бо корҳои амалӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ бо роҳбарии омӯзгорон ва кормандони илмӣ хатмкардагони факултетро дар бозори меҳнат рақобатпазир мегардонад.

Сообщить о нарушении Подробнее