Таърих
Кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, оид ба тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои зерин кафедраи асосӣ мебошад:
40.01.01 – Таъмини барномавии технологияҳои итттилоотӣ
40.01.02-02 – Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо (дар иқтисодиёт)
26.03.01 – Идораи захираҳои иттилоотӣ
45.01.01 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо.
Кафедра кори таълимӣ, методӣ ва илмӣ-тадқиқотиро оид ба равия ва фанҳои тахассусии ин ихтисосҳо, инчунин оид ба фанҳои бо технологияҳои компютерӣ вобастаи ихтисосҳои дигари донишкадаро ба амал оварда, оид ба коркарди ахбор бо компютер, сохтани барномаҳои компютерӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос оид ба технологияҳои компютерӣ, сохтан ва танзими шабакаҳои компютерӣ, умуман барои технологияҳои бо компютер вобаста ба эҳтиёҷмандон аз рӯи шартнома хизмат мерасонад.
Ихтисосҳо (шарҳи кӯтоҳ, стандарт, салоҳият)
40.01.01 – Таъмини барномавии технологияҳои итттилоотӣ
Cоҳае, ки хатмкунанада метавонад фаъолият намояд: коркард ва татбиқи системаҳо ва технологияҳои иттилоотӣ, автоматизатсия ташкилоти буҷавию тиҷоратӣ; таъмини кори IT шуъбаҳо, маъмурӣ ва идоракунии системаҳои иттилоотӣ, ки ба стандартҳои офисӣ автоматикунонидашуда ҷавобгӯ мебошад; коркард ва таҳлили лоиҳаи системаи иттилоотӣ; таҳлили талабот ба системаҳои иттилоотӣ, истифодаи технологияҳо ва бизнес-замимаҳо; ташкили системаҳои ёрирасон, коркарди Web-замимаҳо, манбаи додаҳо, мутобиқ гардонидани таъминоти барномавии системаҳои компютерӣ, системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ; коркард ва идоракунии иттилоот; созкунӣ ва маъмурикунии таъминоти барномавӣ.
40.01.02-02 – Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо (дар иқтисодиёт)
Cоҳае, ки хамткунанда метавонад фаъолият намояд: сохтан ва истифодабарии системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳое, ки масъалаҳои ташкилию идоракунии корхонаҳо, ташкилоти буҷавию тиҷоратиро автоматизатсия мекунад; таъмини кори шуъбаҳои иқтисодӣ, маъмурӣ ва идоракунии ташкилот, ки ба стандартҳои офисӣ автоматикунонидашуда ҷавобгӯ мебошад; сохтан ва ба истифода додани лоиҳаи системаи иттилоотии иқтисодӣ дар дилхоҳ даври ҳаётии он; таҳлили талабот ба системаҳои иттилоотӣ, технологияҳо ва бизнес-замимаҳо; ташкили маҷмӯи методҳо ва воситаҳои сохтани системаҳои иттилоотӣ, Web-замимаҳо, манбаи додаҳо; коркард ва идоракунии иттилооти иқтисодӣ.
26.03.01 – Идораи захираҳои иттилоотӣ
Cоҳае, ки хамткунанда метавонад фаъолият намояд: сохтан ва истифодабарии низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳое, ки масъалаҳои ташкилию идоракунии захираҳои иттилоотии ташкилоти буҷавию тиҷоратиро автоматизатсия мекунад; таъмини кори шуъбаҳои маъмурӣ ва идоракунии ташкилот; сохтан ва ба истифода додани лоиҳаи низоми иттилоотии соҳаҳои гуногун дар дилхоҳ даври ҳаётии он; таҳлили талабот ба низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо; ташкил ва пешбарии воситаҳои техникӣ-барномавӣ, шабакаи компютерӣ, низомҳои иттилоотӣ, Web-лоиҳаҳо, манбаи додаҳо; ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таъмини бехарарӣ, коркард ва идоракунии захираҳои иттилоотии ташкилот.
45.01.01 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо
Cоҳае, ки хатмкунанада метавонад фаъолият намояд: истифодаи техникии системаҳои бисёрқанотаи телеробитавӣ ва шабакаҳои алоқа; таъмини кори шуъбаҳои алоқа, идоракунии системаҳои алоқа, коркард ва таҳлили шабакаҳои алоқа; таҳлили талабот ба системаҳои алоқа, системаҳо ва шабакаҳои компютерӣ; таъмири таҷҳизотҳои телеробитавӣ ва шабакаҳои алоқа.
Раванди таълим
Дар давоми раванди таълим аз тарафи кормандони кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотӣ фанҳои зерин ба донишҷӯён гузаронида мешаванд:
40.01.01 – Таъмини барномавии технологияҳои итттилоотӣ
Технологияи информатсионӣ; Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ; Системаҳои оператсионӣ; Web-технологияҳо; Манбаи додаҳо; Меъморӣ ва коркунии систамаҳои компютерӣ; Технологияи мултимедиӣ ва графикаи компютерӣ; Барномарезии ба объект нигаронидашуда; Балоиҳагирии системаҳои барномавӣ; Асосҳои бунёди низомҳо ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ; Системаҳои оператсионӣ ва барномасозии системавӣ; Технологияҳо ва забонҳои Internet-барномасозӣ.
40.01.02-02 – Низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳо (дар иқтисодиёт)
Технологияи информатсионӣ;Технологияи мултимедиӣ ва графикаи компютерӣ; Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ; Микроиқтисодиёт; Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит; Макроиқтисодиёт; Манбаи додаҳо; Балоиҳагирии системаҳои иттилоотӣ; Технологияҳои муосири бунёди Web-замимаҳо; Технологияҳои муосири бунёди Internet-низомҳо; Тиҷорати электронӣ; Эътимоднокии низомҳову шабакаҳои компютерӣ ва ҳимояи захираҳои иттилоотии онҳо.
26.03.01 – Идораи захираҳои иттилоотӣ
Технологияи информатсионӣ; Асосҳои алгоритмсозӣ ва барномарезӣ; Системаҳои оператсионӣ; Web-технологияҳо; Манбаи додаҳо; Балоиҳагирӣ ва нигоҳубини техникии шабакаҳои компютерӣ; Бехатарии иттилоотӣ ва ҳимояи иттилоот; Балоиҳагирии низомҳои иттилоотӣ; Захираҳои иттилоотӣ; Менеҷменти иттилоотӣ; Низомҳо ва технологияҳои иттилоотӣ.
45.01.01 – Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо
Технологияи информатсионӣ; Асосҳои бунёди низомҳо ва шабакаҳои инфоробитавӣ; Коркарди рақамии сигналҳо; Назарияи занҷирҳои электрикӣ; Схемотехникаи дастгоҳҳои телеробитавӣ; Электроника; Муҳитҳои паҳнкунии электроалоқа; Технологияҳои шабакавии босуръати интиқоли додаҳо; Технологияҳои шабакавии босуръати интиқоли додаҳо; Низомҳои радифӣ ва рӯизаминии радиоалоқа; Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо.
Дастовардҳо
Устодони кафедра натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро дар маҷаллаҳои илмии бонуфузи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп менамоянд. Давоми солҳои охир кормандони кафедра дар конферентсияҳои байналмилалии илмӣ-амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок варзидаанд.
Аз соли 2012 кормандони кафедра бо ҳамкорӣ бо ташкилоти умумиҷаҳонии MicroSoft, Google, Oracle, SUN, OpenOfficeOrg шартномаҳои дуҷониба ташкил дода, шумораи зиёди таъминоти барномавӣ дар соҳаҳои гуногун коркард карда, ба истифодаи дохили кишвар пешниҳод намудаанд.
- - модели ташкили таҳсили фосилавӣ;
- - модели низоми таҳсил дар донишгоҳ ва системаи идораи МТОК;
- - системаи иттилоотии идораи МТОК;
- - модели таъмини сифат ва мониторинги таҳсил дар МТОК;
- - модели таҳлили морфологии забони тоҷикӣ;
- - модели таъминоти барномавии тарҷумони забони тоҷикӣ;
- - модели забони тоҷикӣ ва вориди он ба технологияи компютерӣ;
- - тафтиши автоматии имлои забони тоҷикӣ;
- - ҷойгиршавии ҳарфҳои алифбои тоҷикӣ дар клавиатураи компютерӣ;
- - синтез ва шинохтани овози тоҷикӣ.