Кафедраи иқтисодиёти соҳавӣ бо фармони директори донишкада  таҳти рақами №059 –ХУ аз санаи 03.01.2015 ташкил карда шудааст. Мувофиқи ин фармон  дар асоси базаи моддию-техникӣ, кадрии кафедраҳои иқтисодиёт ва идора, молия ва қарз кафедраи умумитахассусии иқтисодиёти соҳавӣ  таъсис дода шуд.

Мақсади асосии кафедра ин ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаи донишҷӯёни ихтисосҳои муҳандисӣ аз фанҳои иқтисодӣ  мебошад.

Дар кафедра 11 омӯзгорон фаъолият мебаранд, аз онҳо 3 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 3 нафар омӯзгорони калон, 1 нафар ассистент ва 4 муаллим-коромуз мебошанд. Дар кафедра устодони ботаҷриба н.и.и. дотсент Ахмедов У.Х., н.и.и., дотсент Хомидов И.М., н.и.и., дотсент Ахмедова М.М. фаъолият мебаранд. Устодон аз фанҳои зерин машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораториро дар сатҳи баланди илмию методӣ мегузаронанд: эконометрика, назарияи иқтисодӣ, иктисодиёт ташкил ва ба нақшагири дар сохтмон, асосҳои бизнес, макроиқтисодиёт, асосҳои бизнес дар соҳаи технологияҳои иттилооти, иқтисодиёти ҳалли меъмори ва сохтмон ва ғайра.

Устодон доимо барои такмили дониш ва баланд бардоштани савияи малакаи худ ҳаракат мекунанд. Дотсентони кафедра Ахмедов У.Х., Хомидов И.М., Ахмедова М.М. зиёда аз 15 курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузаштаанд. Дотсент Ахмедов У.Х. дар барномаи байналхалқии сертификатсионӣ иштирок намуда соҳиби унвони САР (муҳосиб амалиячии байналхалқӣ) гаштааст. Ӯ дар соли 2009 дар Донишгоҳи давлатии Литва дар доираи барномаи Эразмус Мундус таҷрибамӯзии илмӣ гузаштааст. УстодонАхмедов У.Х., Ахмедова М.М., Саидшоева С., Қосимова М.Ҳ., Ҳомидов И.М. дар курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос, ки аз тарафи Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои олӣ ташкил карда шудааст, иштирок намуда, соҳиби диплом шудаанд.

Дар кафедра барои тайёр кардани кадрҳои  илмию педагогӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Ҳоло дар кафедра 2 нафар докторантон таҳти роҳбарии д.и.и., профессорон Авезов А.Ҳ., Авезова М.М., фаъолият мебаранд.

Дар давоми 2 соли охир аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои илмии ватанӣ ва хориҷа ба чоп расонида шудааст, аз чумла 6 мақолаҳо дар нашрияҳое, ки аз тарафи КОАии Россия эътироф шудаанд. 

Аз тарафи устодони кафедра аз ҳамаи фанҳои мавҷудбуда силлабусҳо, курси лексияҳо, маҷмӯаи супоришҳо барои иҷроиши корҳои мустақилона,  маҷмӯаи тесту масъалаҳо, презентатсияҳо тартиб дода шудааст.

Сообщить о нарушении Подробнее