Кафедраи "Таъминоти барқ ва автоматика" мувофиқи фармони директори  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон   аз  моҳи  сентябри соли 2010 таъсис ёфтааст.  

Кафедраи ТБ ва А аз рӯи барномаҳои таълимӣ мутахассисони зеринро  аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:

43.01.03 – Таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо) (бакалавриатура);

53.01.05–Ҳаракатоварҳои автоматонидашудаи барқӣ (бакалавриатура);

43.01.03 mta- Таъмини барқ (магистратура);

6D071800 – Энергетикаи электрикӣ (докторантура PhD).

Дар кафедра курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани электрикҳои ҷавон фаъолият мебарад, ки дар натиҷаи иштироки фаъол ва омӯзиш донишҷӯёни донишкадаҳо ва ҷавонони шаҳру ноҳияҳо соҳиби касбу ҳунар мегарданд.

 Базаи таҷрибаомӯзии донишҷӯён Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва Шабакаҳои барқии вилояти Суғд мебошад.

Дар кафедра 8 лабораторияҳо барои таъмини раванди таълим аз фанҳои умумитехникӣ ва тахассусӣ фаъолият намуда, онҳо бо стендҳо ва асбобҳои ченкунандаи муосир ҷиҳозонида шудаанд. Кафедра соҳиби як синфхонаи компютерӣ мебошад.


Баробари пурзӯр намудани базаи лабораторӣ, кафедра барои таъмини методии фанҳои умумитехникӣ ва тахассусӣ кӯшиш ба харҷ дода, китобҳои дарсӣ, конспекти лексияҳо, маводҳои таълимӣ барои гузаронидани дарсҳои амалӣ,  дастурамалҳои  методӣ барои гузаронидани корҳои лабораторӣ, нишондодҳои методӣ ва супоришот оид ба иҷроиши корҳои мустақилонаи назоратшаванда тартиб додаанд.   Ҳама синфхонаҳои кафедра бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо таҷҳизонида шудаанд.

Баробари таъмини методӣ ва техникии раванди таълим кафедра кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ҳайати устодон бо кадрҳои ҷавони пурлаёқат ва унвондор таъмин гарданд. Имрӯз дар кафедра 8 аспирант ва 3 докторант рисолаҳои илмӣ тайёр карда истодаанд.    

Аз соли 2015 кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотиро  оид ба мавзӯъи «Тадқиқот ва коркарди технологияҳои инноватсионии энергосарфа ва автоматонӣ дар таъминоти барқ ва ҳаракатоварҳои электрӣ» иҷро карда истодааст, ки равияи он бо корҳои илмии аспирантони кафедра мувофиқ аст.  

Хатмкунандагони кафедра имрӯз дар шабакаҳои барқии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, инчунин дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  пурмаҳсул фаъолият бурда истодаанд.

Сообщить о нарушении Подробнее