Факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ
Факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ соли 2010 таъсис ёфтааст.
Ба таркиби факултет 4 кафедраҳо дохил мешаванд:
«Назарияи иқтисодиёт ва идора»
«Молия ва қарз»
«Иқтисодиёти ҷаҳонӣ»
«Фанҳои умумитаълимӣ»
Дар факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ омодагии бакалаврон аз рӯи барномаҳои асосии таълимии зерин амалӣ гардонида мешавад:
1_25.01.04 – «Молия ва қарз»
1_25.01.07 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхона»
1_25.01.03 – «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ»
Тайёрии магистрантон аз рӯи самтҳои зерин:
1_25.01.04 – «Молия ва қарз»
1_25.01.07 – «Иқтисодиёт ва идора дар корхона»
1_26.02.01 – «Бизнес маъмуриятчигӣ»
Phd аз рӯи самти зерин:
6D050700 – «Менеҷмент»
Аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо ва молия ва қарз таҳсилоти фосилавӣ мавҷуд аст.
Айни ҳол дар факултет аз рӯйи ҳамаи шаклҳои таҳсилот бештар аз 950 донишҷӯён, магистрантон, аспирантон ва докторантон таҳсил менамоянд.
Бештар аз 40 нафар омӯзгорони штатӣ дар факултет фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 4 нафар профессорон (Авезов А.Ҳ., Урунов А.А., Назаров А.А., Авезова М.М.) докторони илм, 20 нафар дотсентон, номзадҳои илм мебошанд. Дар факултет ҳамчунин як гурӯҳ олимони шинохта, роҳбарон ва мутахассисони варзидаи соҳаи бонк, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои консалтингавӣ (Носиров Х.Д.- ҶСК «Бонки Эсхата», Махкамова Г.М.– ҶСП ТАҚХ «Имон Интернешнл», Содиқова Ш.М. –ҶДММ ТАҚХ «Арванд», ҶДММ ТАҚХ “Матин”-Ботуров Р.А., Ғафуров И.Р. – ҶДММ «Ҷавонӣ», Файзиев Ғ.Ғ. – ҶДММ«Кабири Хуҷанд», Саматов А.А. – ҶДММ «Ширкати Азизӣ», Мӯминов М.М. –ҶДММ«Яхмоси 33», Мирзобаҳодуров М. – ҶДММ «ММК» ва ғ.) ҳамчун ҳамкор фаъолият мебаранд. Омӯзгорон дар доираи барномаҳои мухталиф дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои Аврупо таълим медиҳанд. Бештар аз 60 % омӯзгорон дар хориҷи кишвар коромӯзӣ намуда, курсҳои такмили ихтисосро, аз он ҷумла аз рӯйи барномаи табодули Phd (Erasmusmundus, Erasmus +) гузаштаанд.
Дар факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ диққати махсус ба омӯзиши забони англисӣ ҳамчун забони асосии муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ зоҳир мегардад. Донишҷӯёни алоҳида дар фосилаи як ё ду нимсолаи хониш дар хориҷа таҳсил менамоянд, дар лоиҳаҳои муштарак ширкат меварзанд.
Факултет бо техникаи ҳисоббарор таъминбуда, дорои китобхонаи рақамии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, синфхонаҳои лингафонӣ, толори варзишӣ, утоқи компютерӣ мебошад. Ҳар як аудиторияҳо бо видеопроектор, доскаҳои электронӣ таъмин буда, бо шабакаи дохилии Интернет муттаҳид гардидааст. Факултет бо толори варзишии замонавии дорои 200 ҷойи нишасти муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин буда, дар он муттасил спартакиадаҳои донишкадавӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ доир мегардад. Дар ин ҷо маҳфилҳо оид ба намуди воллейбол, баскетбол, гӯштини тарзи озод ва ғайра барои донишҷӯён ва омӯзгорон ташкил гардидааст.
Вобаста ба фармоишоти як қатор ширкатҳо дар факултет корҳои илмӣ-амалӣ оид ба таҳияи биснес-нақшаҳо, консалтинг, соҳибкории электронӣ, тадқиқоти маркетингӣ, менеҷменти лоиҳавӣ, бизнес-информатика, омодасозии муҳосиб амалидони сертификатдор (САР) ва муҳосиби касбии байналмилаллии сертификатдор (CIPA) доир мегардад.
Ҳатто донишҳои назариявии олӣ низ ба хатмкунандагон ҷиҳати мусоидат ба корҳои амалӣ кафолат намедиҳанд. Аз ин рӯ, коромӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ ҳам дар муассисаҳои давлатӣ ва ҳам дар ташкилотҳои беҳтарини ватаниву хориҷӣ, дар ширкатҳо ва бонкҳо дар назар дошта шудааст. Чунин ҳамкорӣ бо секторҳои воқеии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки ҳанӯз хеле пештар аз хатми донишкада барои бунёди алоқаҳо ва дарёфти ҷойи кории мувофиқ ба талабот ва маҳорати хатмкунанда шароит пайдо гардад. Барои иқтисодчии варзида, албатта, дарёфти ҷойи кор мушкил нест, лекин мо пеши худ вазифа гузоштаем: кӯмак ба хатмкунандагон ҷиҳати дарёфти кори хуб, ҷолиб, таъмин бо маоши баланд. Сатҳи таъминот бо ҷойи кор бештар аз 95 % -ро бо назардошти таҳсил дар магистратура ташкил медиҳад.
Ба таври мухтасар метавон гуфт, ки факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ – ин факултети пешбари муосир аст барои хатмкунандагони боистеъдод ва пешсафи мактабҳо.
Натиҷаҳои иштироки донишҷӯёни факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ
№ | Ному насаби донишҷӯ | Фанни таълимӣ | Курс ва факултет | Ҷойи ишғол карда шуда |
| Соли 2012 | |||
1 | Ҳасанзода Фаришта | Забони тоҷикӣ | 1_25.01тг, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 2 |
2 | Фарзонаи Эраҷ | Иқтисодиёт | 4_071900, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 3 |
Соли 2013 | ||||
1 | Ҳасанзода Фаришта | Забони тоҷикӣ | 2_25.01тг, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 1 |
2 | Толибов Иқбол | Таърихи халқи тоҷик | 4_25.01тб, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 3 |
3 | Наҷмиддинов Мунир | Иқтисодиёт | 4_25.01.04та, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 1 |
Соли 2014 | ||||
1 | Ҳасанзода Фаришта | Назарияи иқтисодӣ | 3_ 25.01.07тб, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ | 3 |
2 | Ҳасанзода Фаришта | Забон ва адабиёти тоҷик | 3_ 25.01.07тб, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ | 1 |
Соли 2015 | ||||
1 | Ҳасанзода Фаришта | Назарияи иқтисодӣ | 4_25.01.07тб, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 1 |
2 | Зикруллоева Шаҳзодахон | Забони англисӣ | 1_ 25.01рб, факултети муҳандисӣ –иқтисодӣ | 2 |
Соли 2016 | ||||
1 | Қозиев Сидратуллоҳ | Назарияи иқтисодӣ | 4_25.01.07тб, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 2 |
Соли 2017 | ||||
1 | Ҷабборов Алишер | Забони англисӣ | 4_25.01.07ра, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ | 2 |
Ҳамчунин соли равон дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 10-11 март баргузор гардид, Бобоева Рухшонахон Зафаровна, ихтисоси 2_25.01.07ра аз фанни иқтисодиёт ҷойи 2-юмро ишғол намуд.
Дастовардҳои факултети муҳандисӣ – иқтисодӣ дар соли хониши 2016-17:
№ | Сана | Озмун | Дастовард |
1 | 25.02.17 | Ҳомиёни Ватан | Сипоснома |
2 | 6.08.17 | Арӯси наврӯзӣ | Ҷойи 2 |
3 | 14.03.17 | Маликаи Наврӯзӣ (мусобиқа байни муассисаҳои таълими, ташкилоту корхонаҳо гузаронида шуда, аз тарафи Кумитаи иттифоқи касабаи ш.Хуҷанд ташкил карда шудааст). | Ҷойи 3 |
4 | 11-12.02.17 | Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди «Джуи джиту»-и Бразилиявӣ (озмуни вилоятӣ). | Ҷойи 3
|
5 | 13-14.03.17 | Мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди «Джуи джиту»-и Бразилиявӣ (озмуни ҷумҳуриявӣ). | Ҷойи 2 |
6 |
| Фестивал озмуни "Гулдухтарони суғдӣ" бахшида ба Соли ҷавонон ва Рӯзи байналмилалии оила дар сатҳи донишкада | Ҷойи 1 |
7 | 21.05.17 | Дави миллӣ | Ҷойи 1 |
8 | 07.06.17 | Маҳфили «Зарифон» | Ҷойи 2 |
9 | ноябр | Ҳозирҷавобон | Суруди беҳтарин |
10 | декабр | Ороиши солинавии факултет | Ҷои 4-ум |
11 | феврал | Спартакиада | Ҷои 2-ум |
12 | март | Бонуи сол | Ҷои 3-юм |
13 | апрел | Фурӯғи ҷавонӣ | Ҷои 2-юм |
14 | апрел | Ҳозирҷавобон (финал) | Ҷои 3-юм |