МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Кафедраи назарияи иқтисодиет ва идора моҳи декабри соли 2014 дар натиҷаи азнавташкилкунии кафедраи иқтисодиёт ва идора дар асоси кафедраи ҳамноми собиқ Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соли 1992, аз нав номгузорӣ карда шуда буд. Ҳайати омӯзгорони кафедра 17 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 10 нафар соҳиби унвони илмӣ мебошанд.

Ба туфайли тағйироти сохторӣ ва навовариҳо дар раванди таълим, кафедра ба пешрафти назаррас комёб гардид. Дар самти таъминоти техникӣ ва иқтидори илмӣ кафедра дар сатҳи баланд қарор дошта, мақсадҳо ва ҳадафҳои асосии донишкадаро баҳри тарбияи мутахассисони баландихтисос дар соҳаи иқтисодиёт, дастгирӣ мекунад.

Кафедра яке аз пешқадамтаринҳо дар сохтори омӯзиш ва илм буда, бакалаврони аз рӯи ихтисоси 25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона, магистрантони аз рӯйи ихтисосҳои  25.01.07 – иқтисодиёт ва идора дар корхона, 26.02.01 – бизнес маъмуриятчигӣ ва докторантон (PhD) аз рӯйи ихтисоси 6D050700  тайёр мекунад. Кафедра бо дастгирӣ ва роҳбарии маъмурияти донишкада бо таҷҳизоти техникии замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Компутерҳо, дастгоҳҳои чоп, тахтаҳои электронӣ ва проекторҳои мултимедиявӣ, ки бевосита дар раванди таълим истофода мешаванд, барои ташаккул ва инкишофи тафаккури иқтисодии донишҷӯён мусоидат мекунанд.

 

КОРМАНДОНИ КАФЕДРА

 

 

Баҳодурова Сулҳия Азизхӯҷаевна – мудири кафедра, н.и.и., дотсент.

Тел.: +992 (92) 770-37-64

E-mail: sulya_2809@rambler.ru

Соли 1998 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ хатм намуд. Соли 2011 рисолаи номзадии худро дар ДДҲБСТ бо ихтисоси 08.00.01 - назарияи иқтисодиёт (назарияи умумии иқтисодиёт) дар мавзӯи «Особенности достижения макроэкономического равновесия в открытой экономике РТ» ҳимоя кард. Ӯ муаллифи 25 нашрияҳо, 4 китоби дарсӣ ва 21 мақолаи илмӣ мебошад.

Курсҳои гуногуни омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷа (Русия, Украина, Арманистон, ИМА, Итолиё, Испониё, Словения) гузаштааст. Ӯ стипендиати ҷоизаи Раиси вилояти Суғд мебошад.

 

Назаров Абдушукур Абдураҳимович - Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), доктори илмҳои иқтисодӣ (1982), Академики академияи байналмилалии мактаби олӣ (2006), профессор (1983), Профессори фахрии Донишгоҳи Техаси ИМА (1995), шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд (2014).

Тел.: +992 (92) 707-49-71

E-mail: anazarov_mtm@rambler.ru

Таҳти роҳбарии ӯ 10 номзади илм (аз ҷумла, аспирантҳо аз Чин ва дигар давлатҳои хориҷа) ва 2 доктори илмҳои иқтисодӣ омода шудаанд. Муаллифи зиёда аз 170 асарҳои илмӣ ва таълимӣ, аз ҷумла 12 монография ва 12 китобҳои дарсӣ мебошад. Иштироккунандаи конфронсҳои байналхалқӣ ва барномаҳо оид ба асосҳои иқтисодиёти бозорӣ ва рушди иқтисодиёт дар Донишгоҳи Техаси ИМА (1995г, 2000г.), Донишкадаи миллии соҳибкорӣ дар Ҳиндустон (1995), Донишкадаи соҳибкории хурд ва миёнаи Туркия (1997, 2002) мебошад. Инчунин иштирокчии доимии конфронсҳои байналхалқӣ дар Москав ва Абакани Федератсияи Русия мебошад. Назаров А.А. бо ифтихорномаи фахрии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (1991).

 

 

Авезов Азизулло Ҳабибович – д.и.и., профессор. Аълочии маорифи халқ.

Тел.: +992 (92) 777-78-78

E-mail: azizullo@businessconsulting.tj

Иштирокчии конфронсҳои байналхалқӣ дар Линколн, Хелсинки, Женева, Москав, Новосибирск ва Рига мебошад. Ҳамчун намояндаи Тоҷикистон ӯ барои омӯзиши раванди таълим ба донишгоҳҳои ИМА ва Британияи Кабир сафар кардааст. Авезов А.Ҳ. ғолиби якчанд мусобиқаҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи ITC, EBRD, ЕВРАЗИЯ, EERC гузаронида шудаанд, мебошад. Таҳти роҳбарии Авезов А.Ҳ. рисолаи илмиро 4 нафар олимони вилояти Суғд бомуваффақият ҳимоя намудаанд.

 

Урунов Асрор Алиҷонович – д.и.и., профессор. Профессори кафедраи назарияи иқтисодиёти ДДИ шаҳри Москав мебошад.

Тел.: +992 (92) 714-90-00

         +7 (926) 145-35-75

E-mail: urunov@rambler.ru

Иштирокчии конфронсҳои байналмиллалӣ дар шаҳрҳои Москав, Новосибирск, Теҳрон ва Урумчӣ мебошад. Урунов А.А. ғолиби якчанд мусобиқаҳои байналмиллалӣ, ки аз тарафи ITC, EBRD, ЕВРАЗИЯ, EERC гузаронида шудаанд, мебошад. Таҳти роҳбарии Урунов А.А. рисолаи докториро 1 нафар ва рисолаи илмиро 5 нафар олимони вилояти Суғд бомувафаққият ҳимоя намуданд. Инчунин раиси Раёсати ҶСП ШТР СМ-1 аст.

 

 
 

Султанова Манзура Музафаровна – н.и.и., дотсент. Аълочии маорифи халқ, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи ифтихорномаҳои Вазорати саноати ҶТ, Шӯъбаи маорифи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд.

Тел.: +992 (92) 777-31-13

E-mail: ngo_saodat@mail.ru

Аз соли 1992 то ҳол ҳамчун дотсент дар кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият мебарад. Дар давраи фаъолияти илмӣ-педагогӣ ӯ беш аз 100 нашрия дорад, ки он мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ, монография, маводи таълимиро дар бар мегирад.

 

Султонова Рано Максудовна – н.и.и., дотсент.

Тел.: +992 (92) 829-20-70

Собиқаи кории 50-сола дошта, аз он собиқаи кории истеҳсолӣ дар Вазорати саноати хӯрока, аз ҷумла дар вазифаи директори фабрикаи қаннодии «Ширин» - 14 сол, фаъолияти илмӣ – 7 сол, фаъолияти педагогӣ – 30 солро дар бар мегирад. Соҳиби 50 нашрия, аз ҷумла, 18 нашрияи илмӣ-методӣ мебошад.

 

 

 
 

 

 

Акрамова Заррина Башировна – н.и.и., дотсент. Аълочии маорифи халқ.

Тел.: +992 (92) 713-99-00

E-mail: zarrina_2309@mail.ru

Соли 1999 ДДХ ба номи Б.Гафуровро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона хатм кардааст. Соли 2012 рисолаи номзадии худро дар ДДҲБСТ бо ихтисоси 08.00.01-назарияи иқтисодиёт дар мавзӯи «Формирование и развитие человеческого капитала в трудоизбыточной экономике (на примере РТ)» ҳимоя кардааст. Муаллифи 17 нашриёт, аз чумла 4 маводи таълимӣ, 13 мақолаҳои илмӣ мебошад. Курсҳои гуногуни омӯзишӣ ва таҷрибаомӯзиро дар кишварҳои хориҷа (ИМА, Норвегия, Белгия) гузаштааст. Стипендиати грантҳои тадқиқотии байналмилалии Фонди Сорос (Венгрия, Тоҷикистон), Консортсиуми маълумот ва тадқиқоти иқтисодӣ (Русия), HESP (Норвегия) мебошад.

 

Раҳими Шаҳло – н.и.и., сармуаллима.

Тел.: +992 (92) 797-57-56

E-mail: rahimishahlo@mail.ru

Соли 2002 филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ хатм кардааст. Соли 2013 рисолаи номзадии худро дар ДДҲБСТ бо ихтисоси 08.00.05-иқтисодиёти хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақа) дар мавзӯи «Кластеры как фактор повышения конкурентоспособности региона (на примере СОРТ)» ҳимоя кардааст. Муллифи 15 нашриёт мебошад.

 

 
 

Ҷӯраева Замира Абдувалиевна – н.и.и., сармуаллима.

Тел.: +992 (92) 762-55-50

E-mail: zamira.juraeva@bk.ru

Аз феврали соли 2016 дар вазифаи н.и.и., омӯзгори калон кафедраи “Назарияи иқтисодиёт ва идора”-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад.

Мӯминова Шаҳзодахон Назирӣ – н.и.и., омӯзгори калони кафедра

Тел.: +992 (92) 915-10-02

E-mail: muminova_sh86@mail.ru

Соли 2009 филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст. Соли 2016 рисолаи номзадии худро дар ДДҲБСТ бо ихтисоси 08.00.05-иқтисодиёти хоҷагии халқ (иқтисодиёти минтақа) ҳимоя кардааст. Муллифи 4 нашриёт мебошад.

 
 

Абдуллаева Хабиба Рузибаевна – омӯзгори калони кафедра

Тел.: +992 (92) 776-36-32

E-mail: habiba_15@mail.ru

Аз феврали соли 2015 дар вазифаи омӯзгори калони кафедраи Назарияи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд кор мекунад.

Соли 1987 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро ҳамчун муҳандис - технолог аз рӯи ихтисоси “Ресидани нахҳои натуралӣ ва кимиявӣ”, “Прядение натуральных и химических волокон” дар шаҳри Хуҷанд хатм карда фаъолияти кории худро дар  филиали  Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон оғоз намудааст.

Набиева Хусниҷон Наимовна – омӯзгори калони кафедра

Тел.: +992 (92) 755-61-66

E-mail: nabievax@mail.ru

Соли 2005 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро бо ихтисоси муҳандис-иқтисодчӣ хатм карда ҳамчун коромӯзи кафедра ба фаъолияти меҳнати шурӯъ намуд. Соли 2011 ба аспирантураи донишкада дохил шуда соли 2016 хатм намуд. Фаъолияти илмиро дар мавзӯи “Особенности использования человеческого капитала в региональной экономике” давом дода истодааст.

 
 

Ахмедов Фазлиддинхон Валиевич – ассистенти кафедра

Тел.: +992 (77) 709-08-40

E-mail: fazl89@mail.ru

Соли 2012 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона хатм карда ҳамчун коромӯзи кафедра ба фаъолияти меҳнати шурӯъ намуд. Соли 2013 баъди адои хизмати ҳарбӣ барои давом додани фаъолияти меҳнатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Соли 2013 ба аспирантураи донишкада дохил шуда соли 2016 хатм намуд. Фаъолияти илмиро дар мавзӯи “Омилҳои ташаккул ва рушди бизнеси хурд дар иқтисодиёти минтақа (Вилояти Суғд)” давом дода истодааст.

Қосимова Манзурахон Абдусаломовна –ассистенти кафедра

Тел.: +992 (92) 796-25-76

E-mail: kosimova-manzura@mail.ru

 Аз соли 2014 дар вазифаи ассистенти кафедраи Назарияи иқтисодиёт ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри   Хуҷанд кор мекунад.

Соли 2005 Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии  Тоҷикистонро (рӯзона), аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер хатм кардааст. Аз рӯи мавзӯи Ташаккулёбии системаи мониторинги рушди устувори минтақа (дар мисоли вилояти Суғд) тадқиқот мебарад.

 
 

Аҳати Фирдавс – ассистенти кафедра

Тел.: +992 (92) 707-84-44

E-mail: fellix_ahati@mail.ru

 Соли 2013 Донишкадаи политехникии донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси 25.01.07 – Иқтисодиёт ва идора дар корхона хатм кардааст. Ва баъдан соли 2015 рисолаи магистриро дар мавзӯи «Перспективные отрасли как точка локального роста в региональной экономике (на примере Согдийской области)» ҳимоя карда, дараҷаи магистриро сазовор гардид. Фаъолияти худро дар донишкада соли 2015 оғоз намудааст.

Дмитриева Диана Владимировна – коромӯзи кафедра

Тел.: +992 (92) 945-53-33

E-mail: d_diana09@mail.ru

Соли 2017 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси 25.01.07 – Иқтисодиет ва идора дар корхона хатм карда, фаъолияти худро дар донишкада соли 2017 оғоз намуд.

 

Қаюмова Азиза Абдувалиевна – котиб коргузори кафедра

Тел.: +992 (92) 877-74-44

E-mail: aziza95@mail.ru

Соли 2017 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси 25.01.07 – Иқтисодиет ва идора дар корхона хатм карда, фаъолияти худро дар донишкада соли 2017 оғоз намуд.

 

ИНТИШОРОТ

 Фаъолияти таълимии кафедра дар асоси низоми кредитии таълим ба роҳ монда мешавад. Дар раванди таълим бо мақсади такмил додани малакаҳои амаливу эҷодии донишҷӯён усулҳои навтарини таълим тавассути истифодабарии масъалаҳои амалӣ дар вақти азхуд кардани барномаҳои махсуси таълимӣ, истофода бурда мешаванд. Зиёда аз 50 адад маводи таълимии омодашуда ва дар раванди омодашавӣ қарордошта барои алоқаи назария ва таҷриба мадад мекунанд. Кафедра ба комёбиҳои назаррас дар соҳаи иҷроиши таълимӣ-методологӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ноил гашт.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедра мувофиқи комплекси ягонаи тасдиқшудаи мавзӯи КИТ «Коркарди механизми таъминоти тараққиёти устувори иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли ҶТ)» давом дорад. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии кормандони кафедра дар ҳаҷми маърузаҳои илмӣ дар конфронсҳои илмии байналмилалӣ 2 маротиба дар мавзӯи «Дурнамо ва омилҳои тараққиёти устувори иқтисодиёт», конфронсҳои илмӣ-амалии аз тарафи кафедра гузаронидашуда ба афзоиши иқтидори шунида шуд, аксарияти онҳо дар маҷаллаҳои дохилӣ ва хориҷа нашр шудаанд, ки оиди афзун ёфтани тавоноии илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба тадқиқоти илмӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Соҳаи тадқиқоти илмӣ:

  • - Дурнамо ва омилҳои таъминоти рушди устувори иқтисодиёт;
  • - Танзими макроиқтисодии иқтисодиёти миллӣ;
  • - Ташаккул ва пешрафти сармояи инсонӣ;
  • - Ташаккул ва пешрафти кластерҳои минтақавӣ.

Масъалаи ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ ҳалли худро дар фаъолияти маҳфили «Иқтисодчӣ», пайдо намуд. Маърузаҳои беҳтарини донишҷӯён дар конфронсҳои илмӣ-амалии Донишгоҳ шунида мешаванд. Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҳарсолаи ҷумхуриявӣ аз фанҳои дарсии кафедра бомуваффақият анҷом меёбад. Ҳамин тавр, ҷойҳои якуми ишғолнамудаи донишҷӯёни кафедра Яҳёев Салимҷон (2009), Темуров Илҳом (2010), Наҷмиддинов Мунир (2013), Ҳасанзода Фаришта (2015) дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни иқтисодиёт на танҳо хизмати шоистаи омӯзгорони кафедра, балки тамоми донишкада ба ҳисоб меравад.

Кафедраи назарияи иқтисодиёт ва идора бо корхонаҳои вилояти Суғд робитаи хеле зич дорад. Донишҷӯён дар раванди таълим дар корхонаҳои ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ “ММК”, ҶДММ «Нику - Хуҷанд», ҶСП «Сано», ҶДММ «Евро-Азия - 2005», ҶДММ «Дӯсти Амирхон», ҶДММ «Яхмоси 33», ҶДММ «Мавҷи нав», ЛВЗ «Сайхун», ҶСП «Фаровон-1», ҶСП “Олим Текстайл”, ҶДММ «Шоҳшир», ҶДММ “Файзи Расул”, ҶДММ «Кабири Хуҷанд» ва Ҳукумати вилояти Суғд (шӯъбаи омор, шӯъбаи иқтисодӣ), раёсати гумрук таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ мегузаранд.

Донишҷӯёни донишкада имконият доранд дар Донишгоҳҳои Аврупо, ки бо барномаи байналхалқи Erasmus Mundus ва ғайра бо Донишкадаи политехникӣ ҳамкорӣ мекунанд таҳсили худро идома диҳанд.

Хатмкунандагон ихтисоси иқтисодчӣ – менеҷерро соҳиб шуда бештар дар корхонаҳои давлатию хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар, инчунин ташкилотҳои байналхалқӣ ва амонатию қарзӣ фаъолияти корӣ дошта, бештари онҳо аллакай корхонаҳои худро таъсис додаанд, ба монанди Ширкати 33, ҶДММ “Колобок”, ҶДММ “ММК”, шабакаи мағозаҳои Наврӯз, ТАҚХ “Оксус”, ТАҚХ “Капитал плюс”, ТАҚХ “Арванд” ва ғайра.

Номгӯи фанҳои таълимии кафедра:

  • - Назарияи иқтисодиёт
  • - Макроиқтисодиёт
  • - Микроиқтисодиёт
  • - Менеҷмент
  • - Маркетинг
  • - Иқтисодиёти корхона
  • - Ташкили фаъолияти соҳибкорӣ
  • - Ташкил ва банақшагирии истеҳсолот
  • - Логистика
  • - Таҳияи бизнес-нақша
  • - Таҷрибаомӯзии таълимӣ
  • - Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ

 

Фанҳои интихобӣ

  • - Асосҳои маркетинг
  • - Идоракунии лоиҳаҳо
  • - Ташкил ва бамеъёрдарории  ва пардохти музди меҳнат дар корхона
  • - Омори иқтисодӣ
  • - Иқтисодиёти давраи гузариш
  • - Ҷиҳатҳои байналхалқии хоҷагидории бозорӣ
  • - Иқтисодиёти алтернативӣ
Сообщить о нарушении Подробнее