Факултети муҳандисӣ-технологӣ
Факултети муҳандисӣ – технологӣ 1.09.2015 таъсис ёфтааст. Факултет аз се кафедра иборат аст:
- дизайн ва меъморӣ;
- маҳсулоти хӯрока ва агротехнология
- Кафедраи фанҳои умумитаълимӣ.
Факултет дорои чунин ихтисосҳо мебошад. Ин:
1-501001 – Технологияи ришта, матоъ ва матои бе тору пуд;
1-500102 – Таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;
1-490101 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ;
1-490102 – Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми пайдоиши ҳайвонот;
1-740206 – Технологияи истеҳсол, нигоҳдорӣ ва маҳсулоти растанипарварӣ.
Ҳамкорӣ бо ташкилоти GIZ
Дар соли ҷорӣ барои лабораторияҳои факултети муҳандисӣ –технологӣ якқатор таҷҳизотҳои нав ба монанди: гӯштқиймакунаки барқӣ, блендери лабораторӣ, осиёбҳои лабораторӣ, омехтакунакҳои магнитӣ, тарозуҳои электронӣ, стерелизаторҳо, автоклави микробиологӣ, таҷҳизоти зарфшӯянда ва зарфҳои шишагин харидорӣ карда шудаанд.
ГЛЮТОМАТИК – таҷҳизот барои муайян намудани микдори клейковинаи (комплекси сафедагии) таркиби орди ғалладона.Таҷҳизот аз дастгоҳи шӯяндаи гирдгардишдор, сентрифуга барои ҷудо намудани қисмҳои клейковина, хушккунаки барқӣ иборат аст.
Number folling- таҷҳизот барои муайян намудани адади афтиши ордҳои ғалладона истифода мешавад. Таҷзиҳот аз ҳаммоми обӣ, дисплей, омезак, найчашишаи махсус, микробюреткаҳо, таъминоти гирдгардиши обӣ, панҷараҳои такягоҳӣ иборат аст.
Дастовардҳо
Бобоҷонова Нигора донишҷӯи курси 2 ғолиби озмуни
«Атласу адраси Суғд 2016» ва шоҳҷоизаи озмуни «Дастони моҳир - 2017»
Тошхӯҷаева Ануша донишҷӯи курси 3 ғолиби озмуни
«Атласу адраси Суғд 2017»
Лаҳзаҳо аз фествали байналмиллаи ҷавонон ва донишҷӯён