Кафедраи дизайн ва меъморӣ моҳи феврали 2015 дар заминаи кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти саноати сабук ташкил шудааст. Дар кафедра солҳои гуногун мутахассисони асосии соҳаи нассоҷӣ ва меъморӣ фаъолият бурда, саҳми худро дар тайёр кардани мутахассисони  баландихтисос  ва кадрҳои илмӣ гузошта истодаанд.

Устодони кафедра дорои малака ва маҳорати баланди лекторӣ, дониши амиқи ихтисосӣ, маърифатӣ ва омодагии касбии ҷиддӣ мебошанд. Ҳоло дар кафедра 1 нафар доктори илмҳои техникӣ, 4 нафар номзади илмҳои техникӣ, 1 нафар номзади илмҳои таърих, 2 нафар омӯзгори калон, 3 нафар ассистент, 2 нафар муаллим-коромӯз, 1 нафар сарлаборант ва як котиб-коргузор кор ва фаъолият мебаранд.

Кафедра мутахассисонро аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр мекунад:

50.01.01 – технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд;

50.01.02 – таркиб ва технологияҳои маҳсулоти дӯзандагӣ;

69.01.01 – меъморӣ.

Соли 2015 дар кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси 50.01.02 – технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ кушода шуд, ки дар он омӯзгорони ҷавон низ таҳсил мекунанд.

          Хатмкунандагони кафедраи дизайн ва меъморӣ аз рӯи ихтисосҳои дарболозикршуда соҳиби вазифаҳои зерин мешаванд:

50.01.01– технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд

  • технологияи истеҳсолоти бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ;
  • дизайнери матоъ;
  • роҳбари истеҳсолоти ресандагӣ ва бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ;
  • роҳбари гурӯҳҳо ва студияҳои дизайнерӣ;
  • ходими хурди илмӣ ;
  • омӯзгори коллеҷ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ибтидоии касбӣ.

 

50.01.02– таркиб ва технологияҳои маҳсулоти дӯзандагӣ

  • технолог ва тарроҳ – амсиласози истеҳсолоти дӯзандагии оммавӣ ва инфиродӣ;
  • дизайнери либос;
  • роҳбари истеҳсолоти дӯзандагӣ;
  • ресандагӣ ва бофандагии оммавӣ ва инфиродӣ;
  • роҳбари гурӯҳҳо ва студияҳои дизайнерӣ;
  • буранда ва хайёт дар коргоҳҳои мӯд;
  • таҷдидгари либоси таърихӣ ва фарсудашуда;
  • ходими хурди илмӣ;
  • омӯзгори коллеҷ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ибтидоии касбӣ.

 

69.01.01– меъморӣ

  • мутахассиси донишкадаҳои лоиҳавӣ-таҷрибавӣ;
  • мутахассиси ташкилотҳои иҷроияи лоиҳакашӣ ва сохтмон;
  • меъмор дар корхонаҳои сохтмонӣ;
  • меъмори лоиҳаҳои маҳаллаҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо;
  • дизайнери мавзеъҳо, биноҳо ва иншоот;
  • таҷдидгари биноҳо ва иншооти таърихӣ;
  • роҳбари гурӯҳҳо ва студияҳои дизайнерӣ;
  • ходими хурди илмӣ;
  • омӯзгори коллеҷ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ ва ибтидоии касбӣ.

 

Дар кафедраи дизайн ва меъморӣ корҳои илмӣ ва методӣ дуруст ба роҳ монда шудааст. Бинобар ҳамин аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 40 комплекси маводи таълимӣ-методӣ (8 - тояш дорои муҳри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон), зиёда аз 200 мақолаи илмӣ, тезисҳо ва 5 монография аз нашр баромадааст. Бояд қайд кард, ки устодони кафедра 10 патент оид ба ихтироъ  дар соҳаи техникӣ ва дӯзандагӣ доранд. Устодон ҳар сол дар конференсияҳои илмӣ-амалии байнамилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок мекунанд.

Кори илмии устодони кафедра барои ҳалли масъалаҳои муҳими саноати дӯзандагӣ ва меъморӣ нигаронида шуда, мавзӯъҳои зеринро дар бар мегирад:

  • - такмили ҷараёни тоза кардани қабати болоии пила бо мақсади нигоҳ доштани сифати он;
  • -  коркарди механизмҳои нави мошинҳои дӯзандагӣ;
  • - лоиҳасозии либоси миллии муосир дар асоси усулҳои андозагирии ҷуссаи занона бо роҳи ғайриалоқавӣ;
  • - таърихи рушди касби чеварии тоҷикон дар асри XVI – нимаи аввали асри XX;
  • - меъмории манзили анъанавии халқӣ дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Устодони кафедраи дизайн ва меъморӣ дар роҳи  баланд бардоштани савияи дониш, малакаи педагогию тахассусии худ дар мамлакатҳои Федератсияи Русия,  ИМА, мамлакатҳои Аврупо ва Осиё, ба мисоли  Испания  ва Сингапур гузаронидаанд ва донишу малакаҳои  гирифтаи худро ба раванди таълим ҷорӣ кардаанд.

Барои такмили малакаҳои эҷодии устодон ва донишҷӯён дар кафедра озмоишгоҳҳои зерин бо таҷҳизоти муосир ва техникаи компютерии насли нав муҷаҳҳазгардонидашуда  мавҷуданд:

  • озмоишгоҳи «Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ»;
  • озмоишгоҳи «Тарроҳии либос»;
  • озмоишгоҳи «Низоми автоматикунонидашудаи лоиҳакашии либос»;
  • озмоишгоҳи «Дизайн ва лоиҳакашии компютерӣ»;
  • озмоишгоҳи «Графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ»;
  • озмоишгоҳи «Бофандагӣ»;

 

Кафедра имкониятҳои васеи азхудкунии тамоми донишу малакаҳо, ки барои бакалаврҳои соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва меъморӣ зарур аст, доро мебошад. Мақсади асосии кафедра пойдор кардани муҳити эҷодӣ дар инноватсияҳо, тадқиқот ва аслият дар чаҳорчӯбаи фанҳои гуногуни байниҳамалоқаманду инкишофёбанда мебошад.

       Дар кафедраи дизайн ва меъморӣ ҳамаи шароит ва заминаи озмоиш барои тайёр кардани мутахассисони дорои малакаи тариқи дастӣ омодасозии либос ва  компютер лоиҳасозии маҳсулоти дӯзандагӣ ва раванди тайёркунии он дар шароити истеҳсолӣ муҳайё карда шудааст.

   Бо назардошти он ки дар шароити муосир дар истеҳсолот мутахассисони дорои малакаҳои кор бо компютер ва барномаҳои махсуси лоиҳасозии либос САПР лозим мебошад, аз ин лиҳоз кафедра диққати махсусро ба  истифодабарии техникаи ҳисоббарор дар раванди таълим ва тайёр кардани кадрҳои малакаҳои кор бо технологияҳои иттилоотӣ медиҳад. Дар кафедра аз худ кардани САПР–и либос баъди омӯхтани усулҳои дастии тарроҳии либос, технологияи коркард ва раванди  истеҳсоли либос  ба роҳ монда шудааст.

Донишҷӯён имконияти истифодаи донишҳои тахассусӣ ва малакаи кор бо технологияҳои иттилоотиро  дар  раванди иҷрои лоиҳаҳои курсӣ ва рисолаи хатм  доранд. Ин имконият  медиҳад, ки хатмкунандагони кафедра ба корхонаҳои бонуфуз ба кор гирифта шуда, донишу малакаҳои гирифтаи онҳо дар амалия татбиқ мегардад. 

     Донишҷӯён таҳти роҳбарии устодон дар конференсияҳои гуногуни илмӣ – амалии дохили донишгоҳ, шаҳру ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунанд. Ҳар сол донишҷӯёни кафедра дар озмуни “Лоиҳаҳои инноватсионӣ” иштирок намуда, дорои сипоснома ва дипломҳо мегарданд.

 

     Кафедраи дизайн ва меъморӣ заминаи ташкили озмунҳои гуногуни намоиши либос ва иншооти меъморӣ мебошад. Коллексияҳои либос, ки аз тарафи донишҷӯёни кафедра коркард мешаванд, ҳар сол дар озмунҳои гуногуни либоси миллӣ дар ҳудуди  шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ - “Атласи тоҷик 2012, 2013, 2014”, “Атласу адраси Суғд - 2015, 2016, 2017”, “Андалеб – 2013, 2014, 2015”, “ Фурӯғи ҷавонон”, фестивали либоси миллии “Хандаи ҳусн”, озмуни “Тарроҳи беҳтарин”  намоиш дода шуда,  соҳиби сипоснома ва дипломҳо гардидаанд. 

 

Иштироки донишҷӯён дар озмунҳо ва конференсияҳои гуногун мавқеи тарбиявӣ низ дорад, зеро мутахассиси оянда дар раванди иҷрои кори илмӣ дараҷаи на танҳо сатҳи кордонии худ, балки малакаи намоиши  кор, асоснок намудани пешниҳодҳо  ва муносибат кардан бо аудиторияро меомӯзад.

       Барои такмил додани маҳорати эҷодӣ, ташаккули салоҳияти иловагии тахассусӣ ва малакаи фаъолияти илмӣ – тадқиқотии донишҷӯён дар кафедра махфилҳои зерини донишҷӯён амал мекунанд: анъанаҳо ва инноватсия дар либоси миллии тоҷикон, технологияҳои муосири дӯхти либос, технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолоти бофандагӣ, дӯзандаю бофандаи моҳир, дастони ҳунарманд, меъмори ҷавон ва расмкашии объектҳои меъморӣ.

        Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ ва меъморӣ кафедра бо корхонаҳои зиёди вилояту шаҳр робитаҳои ҳамкорӣ дорад. Донишҷӯёни кафедра мутобиқи раванди таълим дар семестрҳои гуногуни таҳсил таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, технологӣ ва истеҳсолиро дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва идораҳои лоиҳакашӣ мегузаронанд.

      Дар чорчӯбаи таҷрибаомӯзии технологӣ ҳар як донишҷӯи ихтисоси 50.01.01 раванди тайёр шудани нах, ришта ва матоъро меомӯзад, 50.01.02 маҳсулоти дӯзандагиро дар шароити истеҳсолоти оммавӣ ва инфиродӣ коркард карда медӯзад, донишҷӯёни ихтисоси 69.01.01 лоиҳаи биноҳои таъиноташ гуногунро коркард карда, макети онро месозад.

Корхонаҳое, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси 50.01.01 – технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва матои бетору пуд  таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд:

 

Корхонаҳое, ки дар он донишҷӯёни ихтисоси 69.01.01 – меъморӣ таҷрибаомӯзӣ мегузаронанд:

  

ҶДММ “Элегант”

ҶДММ “СУҒДИНТИЗ”

ҶДММ КМ Сомонӣ”

ҶДММ”Хуҷандсохтмон”

ҶДММ” Фламинго”

ҶДММ “ Манзил– 2014”

ҶДММ “Шаҳрсохтмон”

ҶДММ “Рустам И.К”

ҶДММ ”Ободкор”

ҶДММ “ Иншоотсоз”

ҶДММ “ Биносози ИК”

ҶДММ ” Идора”

ҶДММ “ Қасри замон”

КФКВД “Лоиҳакаш”

ИСА дар шаҳри Хуҷанд

ЧСК “ПИЛЧ САНИИОСП”

КД “Истифодабарии манзил”

ЧСК МТПК “ Импулс”

 

      Ҳимояи рисолаи хатми хатмкунандагони ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ бо пешниҳоди коллексияҳои либоси таъиноташ гуногун ва ихтисоси технологияи ришта, нассоҷӣ, матоъ ва матоъҳои бе тору пуд бо ҳимояи лоиҳаи истеҳсолоти ресандагӣ, бофоандагӣ ва матои бетору пуд, ихтисоси меъморӣ бо коркарди лоиҳаҳои иншоот ва биноҳои таъиноташ гуногун шуда мегузарад.  

Дар назди кафедраи дизайн ва меъморӣ соли 2011 бо роҳбарии н.и.т., дотсент Сангинова Д.А. парки технологӣ ташкил гардид. Дар парки технологӣ донишҷӯёни кафедра лоиҳаҳои курсию дипломӣ ва эҷодии худро тибқи технологияҳои муосир ва стандартҳои замонавӣ татбиқ менамоянд. Либоси мактабие, ки аз тарафи парки технологӣ пешниҳод карда шудааст, аз тарафи Сарвари кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд гирифта, ҳамчун либоси расмии талабагони мактаби болаёқати ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд гардидааст.

Бояд мавқеи парки технологиро дар рушти либоси анъанавӣ, алахусус куртаҳои мардонаи ироқидӯзӣ кардашуда қайд кард. Аз тарафи коркунони парки технологӣ коллексияи куртаҳои мардонаи ироқидӯзӣ кардашуда коркард ва  каталоги куртаҳои мардонаи анъанавӣ омода гардид.

Фанҳои асосии кафедра барои ихтисоси 50.01.01 - технологияи ришта, матоъ , нассоҷӣ ва матои бе тору пуд»:

  1. Механикаи техникӣ.
  2. Графикаи муҳандисӣ ва компютерӣ.
  3. Технология ва таҷҳизоти  коркарди аввалини ришта.
  4. Масолеҳшиносии нассоҷӣ.
  5. Метрология, стандартизатсия ва сертефикатсия.
  6. Технологияи кимёвии масолеҳҳои нассоҷӣ.
  7. Технология ва таҷҳизоти  истеҳсолоти ресандагӣ.
  8. Технология ва таҷҳизоти  истеҳсолоти матоъбофӣ.
  9. Назария, сохт ва лоиҳакашии матоъ.
  10. Технологияи  истеҳсоли ресмонҳои тобдода, муқарнас ва риштаҳои дӯзандагӣ.
  11. Технологияи истеҳсоли масолеҳи бе тору пуд
  12. Таҷрибаомӯзии таълимӣ.
  13. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.
  14. Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ.

  

Фанҳои асосии кафедра барои ихтисоси 50.01.02-таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ:

  1. Расм;
  2. Таърихи либос ва мӯд;
  3. Асосҳои антропология ва биомеханика;
  4. Моделиронии геометрӣ;
  5. Ҳамбастагии  сарулибос;
  6. Дизайни компютерӣ ва САD;
  7. Масолеҳшиносии  маҳсулоти дӯзандагӣ;
  8. Асосҳои шаклсозӣ ва макетсозии либос;
  9. Тарҳрезии либос;
  10. Амсиласозӣ ва ороиши бадеии либос;
  11. Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ;
  12. Системаи автоматиконии лоиҳакашии либос;
  13. Ташкили истеҳсолоти дӯзандагӣ
  14. Таҷрибаомӯзии таълимӣ
  15. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
  16. Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ

 

Фанҳои асосии кафедра барои ихтисоси 69.01.01-меъморӣ:

  1. Физикаи меъморӣ
  2. Расмкашӣ;
  3. Мусаввирӣ;
  4. Геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ;
  5. Асоҳои геодезия ва тарҳрезии маҳал;
  6. Асосҳои лоиҳакашии меъморӣ;
  7. Конструксияҳои меъморию сохтмонӣ;
  8. Лоиҳакашии биноҳои камошёна
  9. Лоиҳакашии маҳаллаҳои аҳолинишин;
  10. Лоиҳакашии иншооти варзишӣ;
  11. Лоиҳакашии биноҳои хизматрасонӣ;
  12. Назарияи меъморӣ ва шаҳрсозӣ;
  13. Конструксияҳои биноҳои миллӣ;
  14. Асосҳои муоширати касбӣ ва амсиласозӣ;
  15. Лоиҳакашии биноҳои бисёртаъинота;
  16. Лоиҳакашӣ дар шароити иқлими гарм ва зилзила;
  17. Метрология , старндартизатсия ва сертификатсия;
  18. Таҷрибаомӯзии таълимӣ;
  19. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ
Сообщить о нарушении Подробнее