Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология соли 2016 ташкил шуда, ба ҳайати факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дохил карда шуд. Кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии донишкада буда, оиди тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 490101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ”, 490102 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонӣ” 740206 – “Истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ” зинаи бакалавр ва магистрӣ, инчунин аз рӯи ихтисосҳои 6D072700 – «Технологияи маҳсулоти озуқа” ва 6D080600 – «Техникаи аграрӣ ва технология» докторантони рНd, кафедраи асосӣ мебошад. Дар кафедра таълим оиди асосҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, равандҳо ва тағйиротҳое, ки ҳангоми истеҳсоли онҳо мегузаранд, инчунин қоидаҳои нигаҳдорӣ, боркашонӣ ва интиқоли онҳо, усулҳои муосири назорати сифат, таъмини бехатарӣ, мувофиқат кардани маҳсулот ба талаботҳои байналмиллалии HACCP ва Global GAP, стандартҳои давлатӣ ва ғайра дода мешавад. Дар раванди таълим барои омӯзонидани сабақ ба донишҷӯён аз тарафи устодон усулҳои муосири донишандӯзӣ, технологияҳои нав ва пешқадам истифода карда мешаванд.
Ҳайати профессорон ва устодони кафедра аз 1 доктори илмҳо, профессор, 6 номзадҳои илм, дотсент, 4 номзадҳои илм, омӯзгорони калон, 4 ассистентон иборат буда, онҳо иштироки фаъолона дар самтҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ ҳам дар дохили ҷумҳур ва ҳам берун аз он (Олмон, ШМА, Қирғизистон, Қазоқистон, давлатҳои назди Балтикӣ ва ғайра) доранд.
Аз тарафи устодони кафедра то ҳол 114 адад номгӯйи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методии фаннӣ, матни лексияҳо, супоришотҳо барои иҷроиши корҳои мустақилона нашр карда шудааст.
Устодон мунтазам такмили ихтисосҳоро аз рӯи барномаҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ ба монанди Erasmus, GIZ, HECAFS ва ғайраҳо мегузаранд.
Дар айни замон кафедра самаранок рушд ва инкишоф ёфта истодааст. Нақшаҳои корӣ ва ҳуҷҷатҳои методикии барномаҳои бакалавриат, магистратура ва рНd коркард ва тасдиқ карда шудаанд.
Ҳар сол дар кафедра семинарҳо илмӣ, мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо истеҳсолкунандагон гузаронида мешавад, ки дар онҳо на танҳо устодон ва кормандон натиҷаҳои корҳои илмии худро пешниҳод менамоянд, инчунин донишҷӯен ва магистрантон низ.
Барои ихтисосҳои 4901001, 490102 ва 720206 шаш озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрока ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мебаранд.
Озмоишгоҳи сенсорӣ
Имкониятҳои озмоишгоҳ:
- таҳлили сенсории (ҳиссиётии) - органолептикии ашёи хоми пайдоиши растанигӣ ва ҳайвонӣ, маҳсулоти нимтайёр ва тайёри хӯрока гузаронида мешавад
Озмоишгоҳ бо мизҳо ва курсиҳои таҳлилӣ, таҷҳизотҳои зарурии таҳлили сенсорӣ ба монанди таҷҳизотҳои зарфшӯянда, дастшӯ, лампаҳои ултрабунафш ҷиҳозонида шудааст. Ба озмоишгоҳ барои ҳар як донишҷӯ ҷойи кори алоҳида ҷудо шуда, ба он ҷо намунаҳои маҳсулоти таҳқиқотшаванда дода мешавад. Донишҷӯ аз рӯи талаботҳои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ сифати органолептикии маҳсулоти таҳқиқотшавандаро дар зери равшании лампаҳои ултрабунафш муайян менамояд.
Озмоишгоҳи коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ
Имкониятҳои озмоишгоҳ:
-гузаронидани корҳои истеҳсолии намудҳои гуногуни консерваҳои мевагӣ, буттамева, сабзавотӣ ва коркарди ашёи хоми чорво.
Таҷҳизотҳои озмоишгоҳ: ҷевони хушккунанда, мизҳои кор, тафдони барқӣ, плитаи барқӣ, рафҳо, автоклави лабораторӣ мебошад.
Дар ин озмиошгоҳ донишҷӯён бо коркарди маҳсулоти кишоварзӣ машғул буда, намудҳои гуногуни консерваҳои мева сабзавотӣ ва пайдоиши ҳайвонӣ, қайлаҳо, консентратҳои мева сабзавотӣ ва пайдоиши ҳайвонӣ, хокаҳои гуногуни мева сабзавотӣ, намудҳои гуногуни дорувориҳои пайдоиши растанигӣ истеҳсол менамоянд. Бо таҷҳизотҳои дар озмоишгоҳ мавҷуд буда раванди хушккунӣ, стерелизатсия, пассиронӣ ва балнишронии маҳсулотҳоро гузаронида мешавад.
Дар озмоишгоҳи мазкур имконияти гузаронидани зиёда аз 100 адад ташхисҳои озмоишӣ мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи химия
Имкониятҳои озмоишгоҳ:
- муайян намудани хосиятҳои моддаҳои ғайриорганикӣ;
- муайян кардани эквиваленти элементҳо бо усули хориҷ кардани гидроген;
- муайян кардани эффекти гармии реаксияҳои химиявӣ
Таҷҳизотҳои озмоишгоҳ инҳо ҷевони ҳавокаш, ҷевони хушккунанда, сентрифугаҳо, яхдонҳои обӣ, омехтакунакҳои магнитӣ, реактивҳо мебошад.
Дар озмиошгоҳи мазкур имконияти гузаронидани зиёда аз 23 адад ташхисҳои озмоишӣ мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи технологияи маҳсулоти хӯрока
Озмоишгоҳ барои истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрока таъин кардашуда, ки он бо тафдонҳо, термостатҳо, дисстилятор, яхдон, ҷевони дамгирии нон ва маҳсулоти нонӣ, тарозуҳои электронӣ, ҷевони хушккунанда, гӯштқимакунакҳои барқӣ, осиёбҳои лабораторӣ, глютоматик, термостатҳо, блендерҳо ва ғайра таҷҳизотҳои ҷиҳозонида шудааст.
Дар ин озмиошгоҳ бештар дарсҳои лаборатории фанни “Асосоҳои назариявии истеҳсоли маводи хӯрока”, “Технологияи истеҳсоли нон, маҳсулотҳои қаннодӣ ва коркарди ғалладонагиҳо”, “Асосоҳои истеъмоли ратсионалӣ”, “Практикуми истеҳсоли маҳсулоти хӯрока”, “Технологияи консервакунонӣ”, “Технологияи консентратҳои хӯрока” ва ғайра гузаронида мешавад. Дар ин озмиошгоҳ ҳамаи намуди маҳсулотҳои хӯрока ба монанди нон ва маҳсулоти нонӣ, қаннодиҳои ордию шакарӣ, консерваҳои меваю сабзавотӣ, консерваҳои гӯштӣ, истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва ғайраҳо истеҳсол ва таҳлил карда мешавад.
Дар озмиошгоҳи мазкур имконияти гузаронидани зиёда аз 100 адад ташхисҳои озмоишӣ мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи микробиология
Имкониятҳои озмоишгоҳ:
- гузаронидани корҳои илмӣ дар сатҳи микроскопӣ;
- гузаронидани тадқиқоти бактериологии маводи хӯрока,
- муайянкунии бактериянокии маводи хӯрока;
- иҷро намудани корҳои фармоиши тиҷоратӣ ва ғайра.
Озмоишгоҳи мазкур бо стереомикроскопҳо, видеопроекторҳо ва лавҳаҳои намоишдиҳанда, микроскопҳои оптикӣ, микротон, термостатҳо, стерелизатор, автоклави лабораторӣ, ҷевони хушккунанда, сентрифуга ҷиҳозонида шудааст.
Дар ин озмоишгоҳ имконияти таҳлили микробиологии маҳсулотҳои хӯрока гузаронида шуда имконияти муайян кардани чӯбчаҳои меъдагӣ, стафилакок, стрептокок, дрожаҳо, замбӯруғҳо, бактерияҳо ва ғайра микроорганизмҳо мавҷуд аст.
Дар озмоишгоҳи мазкур имконияти гузаронидани зиёда аз 47 адад ташхисҳои озмоишӣ мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока
Имкониятҳои озмоишгоҳ:
- экспресс муайян намудани ҳиссаи массавии намӣ дар маҳсулотҳои хӯрока;
- ченкунии дақиқи гравиметрикӣ ва термометрикии намунаҳои гуногун;
- муайян намудани миқдори моддаҳои хушк дар маҳлулҳо, маҳсулотҳои коркарди меваю сабзавот;
- муайян намудани ҳиссаи фоизи сафеда дар шир ва дигар махсулоти шири;
- таркиби моддаҳои равғанӣ, омехтаҳои витаминӣ, пектин, флавоноидҳо, нитратҳо, нитритҳо ва дигар моддаҳо дар маҳсулоти хӯрока ва гайрахо.
Дар озмоишгоҳи таҳлили сифати маҳсулоти хӯрока таҷҳизотҳои муосир ба монанди спектрофотометр, намиченкунаки электронӣ, тафдонҳои муфелӣ, ҷевони ҳавокаш, тарозуҳои электронӣ, рефрактометр, рНметр, термометрҳои гуногун, ареометрҳо, глютоматик ва ғайраҳо ҷиҳозонида шудаанд.