Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз моҳи январи соли 2018 арзи вуҷуд дорад. Кафедра умумитаҳсилотӣ ҳисобида шуда, рисолати аслии худро дар тайёр намудани мутахассисони варзидаи муҳандисӣ дида, ба он сайю кӯшиш дорад, ки ҳарчӣ бештару беҳтар донишҷӯён аз забонҳои русиву англисӣ бархурдор бошанд. Устодони кафедра дар зинаи бакалавриат, зинаи магистратура ва фосилавӣ машғулият мегузаронанд.
Ҳар як устодони кафедра дорои якчанд мақолаҳои илмиву таълимиву методӣ мебошанд. Инчунин аз тарафи устодони кафедра мунтазам китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ-методӣ, луғатҳо таҳия ва чоп мегарданд. Барои дарсҳои фосилавӣ маводи мультимедӣ низ омода сохта шудааст. Беҳтарин дастовардҳои кафедра ин доимо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудани донишҷӯён аз фанни забони англисӣ ва русӣ мебошад.
Вобаста ба ҳамаи фанҳои кафедра барномаҳои таълимӣ – силлабусҳо мавҷуд буда, маҷмӯи лексия ва маводҳои таълимӣ, аз ҷумла маҷмӯи масъалаҳо ва машқхо барои корҳои семестрӣ, тестҳои имтиҳони ниҳоӣ ҳам ба намуди чопӣ ва ҳам электронӣ барои ҳама фанҳо мавҷуд буда, ба ихтиёри донишҷӯён вогузор гардидаанд.
Устодони кафедра дар 4 факултет машғулият мегузаронанд. Кафедра дорои 5 кабинети лингафонӣ мебошад, ки барои таълим додан хеле хуб омода гардида, ба истифода дода шуданд: факултети муҳандисӣ технологӣ - забони русӣ, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ - забони англисӣ, факултети информатика ва энергетика - забони русӣ, забони англисӣ, факултети сохтмон ва нақлиёт - забони русӣ.
Инчунин кафедра дорои 1 кабинети русӣ дар факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, 3 кабинети англисӣ дар факултетҳои сохтмон ва нақлиёт, факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ, факултети информатика ва энергетика мебошад.