Факултети сохтмон ва нақлиёт 

Факултети сохтмон ва нақлиёт ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шахри Хуҷанд буда, тибқи қарори Шӯрои олимони донишкада соли 2010 таъсис дода шудааст.

Дар ҳайати факултет се кафедра фаъолият менамояд:

- кафедраи сохтмон;

- кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт;

- кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ.

Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд:

 700201  - Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;

 370107  - Хизматрасонии автомобилӣ;

 440101 - Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ.

 

Дар факултет таҳсил пурра бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Раванди таълим дар ҳамаи ихтисосҳо аз рӯи нақшаҳои таълими тасдиқгардида, ки ба Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад, ташкил шудааст.

Дар  факултет  барои гузаронидани дарсҳои аудиторӣ аз ҷумла   лексияҳо, дарсҳои амалӣ, амалӣ-лабораторӣ  ва лабораторӣ ҳамаи шароитҳо мавҷуд мебошад.  Стансияи  хизматрасонии техникии автомобилӣ бо таҷҳизотҳои  муосир муҷаҳҳаз шуда, фаъолият мекунад. Озмоишгоҳ барои муайян намудани сифати масолеҳҳои сохтмони сохта таҷҳизонида шудааст.

 

Дарси озмоишӣ дар стансияи хизматрасонии техникии кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт


Дар факултет семинари илмӣ – тадқиқотӣ гузаронида мешавад.

 

 

Аз рӯи ихтисосҳои 70.02.01 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ; 44.01.01 - Ташкили ҳамлу нақл  ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ 370107 магистрантон қабул шуда, таҳсил менамоянд.

 

Барои бо сифати баланд тайёр намудани кадрҳо факултет бо корхонаҳои пешқадами соҳа, институтҳои илмӣ тадқиқотӣ, донишкадаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун  аз он  алоқаи зич  доранд.  Устодони кафедраҳои факултет корҳои илмиашонро пурзӯр намуда, донишҷӯёни болаёқатро  мунтазам ба корҳои  илмӣ-тадқиқотӣ   ҷалб менамоянд. Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаҳои муассисаҳои  пешқадам гузаронида мешавад.

Сообщить о нарушении Подробнее