Таърих

Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт дар сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ аҳамияти калонро дорад, ки дар ду самти асосӣ мутахассисони баландихтисосро тайёр мекунад:

- 370107 Хизматрасонии автомобилӣ;

- 440101 Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ.

 Самтҳои тайёркунии ихтисоси “Хизматрасонии автомобилӣ” 

Дар соҳаи автомобилҳо, корхонаҳои автосервисӣ ва  нақлиёти автомобилӣ дониш ва малакаҳои базавӣ медиҳад. Ин сохт, истифодабарӣ, хизматрасонии фирмавӣ, тайёркунии пешазфурӯш ва таъмири автомобилҳо, хизматрасонӣ ва таъмири автомобилҳо, ташкил ва идоракунии чунин корхонаҳо аст.

Донишҷӯён  донишкадаро аз рӯи барномаи 4 сола хатм намуда,  соҳиби ихтисоси бакалавр мешаванд ва дар корхонаҳо ва ташкилотҳои комплекси нақлиёти автомобилии шакли моликияташон гуногун, ташкилотҳои конструкторӣ – технологӣ, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва автомобилтаъмиркунӣ, корхонаҳои танзимгарӣ иттилоотӣ ва корхонаҳои иттилоотӣ – нақлиётӣ, корхонаҳои гуногуни сервиси техникӣ, муассисаҳои сервисӣ, марказҳои диллерӣ ва фирмавии автомобилӣ ва заводҳои таъмир, хадамотоҳои маркетингӣ  ва нақлиётӣ – экспедитсионӣ, корхонаҳои лизингӣ, аудитории шакли моликияташон гуногун, ба системаи таъминоти моддӣ – техникии савдои чакана ва яклухти техникаи нақлиёт, қисмҳои эҳтиётӣ, маснуотҳои комплексӣ ва масолеҳҳои ба истифодабарии нақлиёти лозима ва комплексҳои нақлиётӣ – технологӣ  кор карда метавонанд.

 Самтҳои  тайёркунии ихтисоси “Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ

Самти асосии тайёркунии муҳандисон - технологияи раванд дар соҳаи ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии он ҳам дар дохили кишвар ва ҳамчунин дар бозори байналхалқии хизматрасониҳои нақлиётӣ, тайёркунии асосии назариявӣ  дар шароитҳои муосири бозорӣ ба омӯзиши фанҳои базавии нақлиётӣ, назарияи равандҳои нақлиётӣ ва системаҳо, лавозимотҳои математикии тарҳсозии раванди нақлиётӣ дар давраи банақшагирӣ ва идоракунии фаврӣ, назарияи ҳамлу нақли борҳо ва мусофирон, фаъолияти экспедиторӣ дар нақлиёт, механизатсияи корҳои боркунӣ-борфарорӣ равона карда шудааст.

Муҳити рақобатӣ, барҳам додани корхонаҳои калони нақлиётӣ ва хусусикунонии онҳо омӯзиши як қатор фанҳои навро талаб карданд: менеҷмент, маркетинг, идоракунии ҳайати корхона, бозори хизматрасониҳои нақлиётӣ, логистикаи нақлиёти ва ғайра.

Хусусияти фаъолияти касбии муҳандиси ояндаро аз рӯи  ихтисоси мазкур ба назар гирифта, дар курсҳои боло донишҷӯён яке аз ду самт аз рӯи ташкили ҳамлу нақл  ё аз рӯи идоракунӣ дар нақлиёт интихоб карда метавонанд.

Тахассуси муҳандисро аз рӯи ташкили ҳамлу нақл дар нақлиёт соҳиб шуда, мутахассисон дар корхонаҳои нақлиётӣ –экспедитсионӣ, департаментҳои нақлиётии мунисипалӣ ва территориявӣ, гумрукҳои нақлиёти автомобилӣ, системаҳои терминалӣ, инспексияи нақлиётӣ, дар корхонаҳо ва институтҳои лоиҳавӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ кор карда метавонад.

 Магистратура

Ба ҳамаи он чӣ ки ба автомобил, корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва автосервисӣ, ташкили онҳо, муҷаҳҳазкунӣ, принсипҳои кори онҳо, асосҳои тадқиқотҳои илмиро дахлдор аст, медиҳад. Магистр дар ҳама гуна корхонае, ки бо нақлиёти автомобилӣ алоқаманд аст, кор карда метавонад, аз рӯи ин ихтисос дар муассисаҳои таълимии касбӣ, аз он хусус олӣ дарс дода, тадқиқотҳои илмӣ бурда метавонад.  Чунин фанҳо омӯхта мешаванд: тарҳсозии системаҳои компутерӣ, маркетинг, таъминоти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра.

Ғайр аз ин омӯзишро ду сол давом дода, тахассуси  магистрро соҳиб шуда, ба ташкилотҳои илмӣ – истеҳсолӣ ва тадқиқотӣ фаъолият бурда метавонад, ҳатман пас аз омӯзиш вазифаи роҳбарикунандаро ишғол карда метавонад.

Кафедра аз рӯи мукаммалгардонии раванди таълим, нақшаҳо ва барномаҳои таълим доимо кор мебарад, ки барои онҳо натиҷаҳои тадқиқотҳои илмии кафедра ба самтҳои гуногун гузаронидашаванда замина мебошанд: эътимоднокӣ ва диагностикаи автомобилҳо, масолеҳҳои истифодашаванда, автосервис, истифодабарӣ ва лоиҳакунии тақҳизотҳои гараж ва ғайра.

Аз рӯи дархостҳои корхонаҳо, ташкилотҳо ва шахсони хусусӣ тайёркунӣ ва аз навтайёркунии мақсадноки кадрҳо аз рӯи чунин самтҳо амалӣ карда мешавад:

  •  хусусиятҳои ташкили истифодабарии техникии автомобилҳои газобаллонӣ (бо гирифтани иҷозат ба аз нав муҷаҳҳазкунӣ, нигоҳубини техникӣ ва таъмири автомобилхои газобаллонӣ, коркарди барномаҳои минтақавии ба кор бурдани сӯзишвории газобаллонӣ, таҷҳизотҳои ёрирасони корхонаҳои нақлиёти атомобилӣ ба истифодабарии автомобилҳои газобаллонӣ);
  • идоракунии захираҳои шинаҳои корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ (баҳисобгирӣ, ҳуҷҷатгардиш, равандҳои прогрессивии технологии танзимкунии параметрҳои чархҳо; НТ, таъмир ва барқароркунии шинаҳо);
  • ба кор бурдани воситаҳои муосири диагностика ба равандҳои технологии НТ ва таъмири автомобилҳо;
  • технологияҳои захираэҳтиёткунанда ва сарфаи захираҳои сӯзишворӣ – энергетикӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
  • литсензиякунонӣ ва сертификатсия ба корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасониҳои сервисӣ аз рӯи нигоҳубини техники ва таъмири автомобилҳо (аз он хусус бо гузаронидани аудити сертификатсионӣ ба нигоҳубини техники ва таъмири воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва додани сертификатҳо ба хизматрасониҳои пешниҳодшуда);
  • ташкили таъминоти моддӣ – техникӣ аз рӯи назорати асбобҳо ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ҳангоми гузаронидани муоинаи техникии давлатӣ; 
  • ташкили хизматрасонии абонементии автомобили инфиродӣ ва воситаҳои нақлиёти автомобилии соҳибони нақлиёти шахсӣ дар стансияҳои хизматрасонии техникии автомобилҳо;
  • бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ (бо коркарди барномаҳои минтақавии экологӣ, паспортизатсияи экологии корхонаҳо, ҳисобҳои лимитҳои партовҳои моддаҳои зарарнок);
  • ба кор бурдани технологияҳои нави иттилоотӣ ва компутерӣ ҳангоми идоракунии корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ ва сервис.

Айни ҳол дар кафедра зиёда аз 400 нафар донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва зиёда аз 30 нафар магистрантон дар шуъбаи рӯзона таҳсил карда истодаанд.

 Алоқаи кафедра

Кафедра бо корхонаҳо ва муассисаҳои нақлиёти автомобилии ҶСК “Лада-Сервис”, “Сорбон”, “Ҳаракат”, “МНА-32”, Ассотсиатсияи байналхалқии ҳамлу нақли автомобили Тоҷикистон, ҶСП  МТТ «Сомон Суғд», “ҶДММ АТП”, корхонаҳои ҶДММ "Нуқтаи ташхисии автомобили Суғд" ва бо кафедраҳои истифодабарии нақлиёти автомобилӣ ва ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ алоқаи зич дорад, ки дар корҳои илмӣ, таълимӣ ва амалӣ якҷоя бо ивази маълумотҳо фаъолият мебарад.

Теъдоди китобҳои дарсӣ ва мақолаҳои чопшуда

 Аз тарафи устодони кафедра 15 адад васоити таълим, супориш ва дастури методӣ зиёда аз 30 адад  мақолаҳои илмӣ зиёда аз 100 адад ва 16 адад дастури методӣ барои иҷроиши корҳои амалӣ лабораторӣ ва лабораторӣ аз чоп баромадааст.

 Фанҳои таълимии кафедра

Кафедра  барои ихтисоси 1_44.01.01-Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ аз рӯи фанҳои ҳатмии тахассусӣ машғулиятҳоро мегузаронад:

 

  • Механикаи назарявӣ ва амалӣ
  • Ташкил ва идоракунии мусофирбарӣ
  • Ташкил ва идоракунии боркашонӣ
  • Асосҳои логистика
  • Логистикаи нақлиётӣ
  • Боршиносӣ
  • Системаи ягонаи нақлиётӣ
  • Механизатсияи корҳои боркунию борфарорӣ
  • Ҳамлу нақли байналҳалқи ва гумрук
  • Иқтисодиётӣ муассисаҳои нақлиётӣ
  • Ташкили нақлиётӣ дохили шаҳрӣ

Кафедра  барои ихтисоси 1_37.01.07-Хизматрасонии автомобилӣ аз рӯи фанҳои ҳатмии тахассусӣ машғулиятҳоро мегузаронад:

  • Асосҳои механика ва муқовимати масолеҳҳо
  • Назария ва ҳисоби автомобилҳо
  • Масолеҳшиносӣ
  • Асосҳои электротехника ва электроника
  • Иқтисодиёти муассисаҳои хизматрасонии автомобилӣ
  • Сохти автомобил
  • Масолеҳҳои дар автомобил истифодашаванда
  • Диагностика ва нигоҳубини техникии муҳаррикҳои автомобилӣ
  • Диагностика ва нигоҳубини техникии трансмиссия ва қисми гашт
  • Диагностика ва нигоҳубини техникии таҷҳизоти барқии автомобилҳо
  • Таъмири ҷузҳои автомобил.
Сообщить о нарушении Подробнее