Кафедраи сохтмон

Соли 1995 дар базаи кафедраи геометрияи нақшакашӣ ва механикаи назариявӣ ФХДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ кафедраи сохтмон  таъсис ёфтааст. Кафедраи сохтмон аз рӯи барномаҳои таълимӣ бакалаврҳо ва магистрҳоро  тайёр менамояд:

70.02.01- Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (бакалавр);

70.02.01mta- Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ (магистр);

70.02.01-08mta-Энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон (магистр).

Кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ, бо бисёр ташкилотҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ташкилотҳои Институти лоиҳакашии илмию тадқиқотии назди оҷонсии сохтмон, шӯъбаи меъмории шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шӯъбаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят, бо институти лоиҳакашии «Суғдшаҳрофар», Институти лоиҳакашии асосу таҳкурсисозии Осиёи Маркази (СА НИИОСП) филиал дар вилояти Суғд, ширкати сохтмонии “Тиниал” ташкилоти байналхалқии «Ҳайъати шафқат» ҳамкорӣ ва алокаи зич дорад, инчунин оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ, пешаздипломӣ шартномаҳои дутарафа бастааст. Дар корхонаҳои номбаршуда таҷрибаомӯзиҳо гузаронида мешаванд. Самтҳое, ки бо лоиҳакашии бино ва иншоот, ҳамроҳии лоиҳа дар ҷараёни сохтмон, баҳодиҳии ҳолати техникии бино дар давраи истифодабарӣ ва таҷдид алоқаманд аст, такмил ёфта истодааст. Дар кафедра озмоишгоҳи таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии конструксияҳои сохтмонӣ фаъолият мебарад, ки устодони кафедра, аспирантон ва донишҷӯёни курсҳои боло фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамасола устодони кафедра дастурҳои методӣ, китобҳои дарсӣ, силлабусҳо ба чоп тайёр менамоянд. Дар кафедра пояи лаборатори вуҷуд дорад ва дарсҳо бо сатҳи баланди таълимӣ мегузарад. Кафедра иштирокчии доимии конференсияҳои илмӣ-амалӣ мебошад. Аъзоёни кафедраи сохтмон: н.и.т., мудири кафедра Усмонов Ш.З. н.и.т., дотсент Мамуров М, н.и.к. и.в. дотсент Насруллоев А. Д., н.и.т., и.в. досент Мухамедов Ӯ. С., н.и.т., и.в. досент Аминов Ф. А., н.и.т., и.в. Ваҳобов А. М., Султонова М. М., Ҳатамова С. М., н.и.т. омузгорӣ калон Расулов О. Р., омӯзгори калон Дадобоев А. И., ассистент Арипов Д. Н., лаборант Саидов М. М., котиб коргузор Туйчиева Д. Ҳ.

Лаҳзаҳои гузаронидани корҳои лабораторӣ дар кафедраи сохтмон

Сообщить о нарушении Подробнее