Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ФСН

Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ аз моҳи феврали соли 2017 ҳамчун ҷузъи таркибии факултети сохтмон ва нақлиёт фаъолият мебарад. Мудири кафедра номзади илмҳои филология Бобоева Т.Р. мебошад.

Фанҳои таълимии кафедра: забони тоҷикӣ, таърихи халқи тоҷик, фарҳангшиносӣ, фалсафа, ҳуқуқ, мантиқ, диншиносӣ, психологияи касбӣ, ҳуқуқ аз рӯйи ихтисос, этикаи касбӣ, этика ва эстетика, сотсиология, тарбияи ҷисмонӣ бо барномаи таълимӣ-силлабус, маводи таълимӣ, ки дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор гирифта, дар шӯрои илмӣ-методӣ тасдиқ гардидааст, таъмин мебошад. Матни лексия барои дарсҳои лексионӣ, маҷмӯи машқҳо барои дарсҳои амалӣ, маводи имтиҳони марҳилавӣ ва тестҳои имтиҳони ниҳоӣ ҳам ба тариқи чопӣ ва ҳам электронӣ мавҷуд буда, дастраси донишҷӯён гардидааст.

Кабинетҳои таълимӣ  ва се толори лексионии ба кафедра вобаста бо васоити муосири техникӣ: ноутбук, видеопроектор, тахтаи электронӣ, лавҳаву овезаҳои мавзӯӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

 

Ҳайати омӯзгорони кафедраро номзадҳои илм - Бобоева Т.Р., Раҳмонов З.А., Темирова Х.И., Ғозиева М.С., Раҳматова М.М.; муаллимони калон – Нозирова М.А., Файзиева Ш.М., Темирхоҷаев А.Ӯ., Хоҷаева Н.А., Маҷидов Қ.Қ., Абдуев А.Л., Зокиров А.А., Дӯстматова Н.М.; ассистент – Муллоусмонова Г.Ғ.; котиб-коргузор – Валиева М.А. ташкил медиҳанд.

Интишороти устодони кафедра аз 3 монография, 57 дастур ва маводи таълимӣ, 235 мақолаҳои илмӣ иборат аст.

Аз рӯйи фанҳои таълимии кафедра донишҷӯёни донишкада зимни ширкат дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба ишғоли ҷойҳои якум (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2013 ва 2014), ҷойи дуюм (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2012) ва ҷойи 3 (забон ва адабиёти тоҷик, соли 2017 ва таърихи халқи тоҷик, соли 2012) сазовор гардиданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти кафедра ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ вобаста ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнвораҳои миллӣ маҳсуб мегардад. Устодони кафедра дар чорабиниҳои сиёсиву маърифатии шаҳриву вилоятӣ ширкат варзида, дар тарғиби ғояҳои олии миллӣ ва тақвияти ҳисси ватандӯстии ҷомеа ҳиссагузор ҳастанд.

Сообщить о нарушении Подробнее