Фонди китобхона 

Дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки фаъолияти худро пеш бурда истодааст. Фонди китобхонаҳо дар натиҷаи якҷояшавии филиалҳои Донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ  ҷамъ шудаанд. Айни замон  фонди умумии китобҳои китобхонаи донишкада  аз 29498 номгуй китобҳо (141248 нусха) иборат аст. Аз ин миқдор 74% - ро  китобҳои таълимӣ ва 21% - ро китобҳои илмӣ – методӣ ташкил медиҳанд, ки ҳамаи фанҳои таълимиро фарогир мебошанд.

Толори хониш

 Китобхонаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дорои се китобхона буда, дар  он 3 қироатхонаи дорои 345 ҷои нишаст ва 178 адад компютери ҳозиразамон, ки ба интернет, системаи идоракунии иттилоотӣ (СИИ) ва китобхонаи рақамии донишкада пайваст мебошанд, амал мекунад. Дар китобхона шароити хуби дарсомӯзӣ  барои донишҷӯён ташкил шудааст.

Китобхонаи рақамӣ

Коргузорӣ дар китобхонаи ДПДТТ автоматикунонӣ карда шудааст. Интерфейси сода ва  истифодабарии осон барои китобдор ва истифодабарандагони китобхона сохта шудааст, ки он имконияти сарфа намудани вақти китобдор, таъмин намудани бехатарии китоб ва паст кардани сатҳи гумшавии китобро  таъмин мекунад.

Чорабиниҳо

   4 сентябри соли 2018 дар китобхонаҳои донишкада бахшида ба  Рӯзи китоб гӯшаҳои махсуси намоиши китобҳо ташкил карда шуд.  Дар навбати худ китобдорони китобхона доир ба Рӯзи китоб маълумот дода, иброз доштанд, ки 4 сентябри соли 2007 аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баробари гузоштани санги асоси бинои нави Китобхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе Рӯзи китоб эълон гардид.

Сообщить о нарушении Подробнее