Дар донишкадаи политехникӣ се китобхона мавҷуд аст, ки фаъолияти худро пеш бурда истодааст. 

Фонди китобхонаҳо дар натиҷаи якҷояшавии филиалҳои Донишгоҳҳои техникӣ ва технологӣ  ҷамъ шудаанд. Айни замон  фонди умумии китобҳои китобхонаи донишкада  аз 29498 номгуй китобҳо (141248 нусха) иборат аст. Аз ин миқдор 74% - ро  китобҳои таълимӣ ва 21% - ро китобҳои илмӣ – методӣ ташкил медиҳанд, ки ҳамаи фанҳои таълимиро фарогир мебошанд.

 

Фонди китобхона аз адабиётҳои таълимӣ, методӣ, бадеӣ ва илмӣ иборат буда, миқдори зиёдро ташкил медиҳанд. Дар фонди китобхонаи донишкада 104156 адад китобҳои таълимӣ, 12804 адад китобҳои методӣ, 7494 адад адабиётҳои бадеӣ ва 16830 адад адабиётҳои илмӣ мавҷуд ҳастанд. 

Аз ин миқдор:

27289  адад бо забони тоҷикӣ

91044 адад бо забони русӣ

18929 адад бо забони англисиро ташкил медиҳанд. 

 

Сообщить о нарушении Подробнее