Маркази мартаба қисми сохтории ДПДТТХ буда, аз моҳи сентябри соли 2015 фаъолият мебарад.
Самтҳои асосии фаъолияти маркази мартаба оид ба тайёркунии кадрҳои баландихтисос чунин муайян карда шудааст:
- ҳамкорӣ бо донишҷӯён нисбати бо ҷойи кор таъмин намудан ва мутобиқати онҳо ба фаъолияти амалӣ;
- ҳамкорӣ дар коркарди савияҳои худнамоишдиҳӣ ва рафтори самараноки донишҷӯён дар бозори меҳнат;
- пешниҳоди маълумотҳо оид ба ҷойҳои корӣ, таҷрибаомӯзиҳо, бахшҳои таълимӣ дар ширкатҳои бо кортаъминкунанда ба донишҷӯён;
- маълумотдиҳӣ оид ба чорабиниҳо, ташаккули мартаба дар мактабҳои олии таълимии гуногун, ярмаркаи ҷойҳои корӣ (вакансияҳо), рӯзҳои мартаба, намоишҳо оид ба кортаъминкунӣ аз тарафи ташкилотҳои кортаъминкунанда;
- таъсиси базаи маълумотҳои кортаъминкунандагон ва донишҷӯён;
- ҷустуҷӯйи ҷойҳои кории муваққатӣ ва доимӣ барои донишҷӯён;
- машварат оид ба масъалаҳои кор таъминкунии донишҷӯёни донишкада, рушди шахсӣ, худмуайянкунӣ ва тартиб додани хулосаи шахсӣ;
Донишҷӯён маълумоти ҳолномаҳои (CV) худро дар www.martaba.dpdtt.tj сабт карда метавонанд.
Донишкада 250 шартномаҳо бо ташкилот ва корхонаҳои пешрафтаи вилояти Суғдро дорад.
Маълумот оиди ҷойҳои кории холӣ ба Системаи Иттилоотӣ Идоракунии Донишкада ва инчунин дар саҳифаи Маркази мартаба дар шабакаи интернет: www.facebook.com/markazimartaba ворид карда мешавад.
Мақсади Маркази мартабаи ДПДТТХ - баланд намудани самаранокӣ ва дастрасӣ дар бозори хизматҳои таълимотӣ аз ҳисоби истифодабарии усулҳои пешрафта ва технологияҳои таълим дар раванди омӯзиш, интихоби касб ва азхудкунии савияҳои амалӣ дар барномаҳои таълимӣ ба шумор меравад.

Вохӯриҳо
Оид ба ташаккули ҳавасмандии хатмкунандагон ва донишҷӯёни ДПДТТХ барои банақшагирӣ ва сохтани мартаба, баамалории қобилияти касбии худ, қонеъ гардонидани талаботи роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳо вохӯрии донишҷӯёни фаъол ва хатмкунандагон бо мутахассисони соҳаҳои соҳавӣ гузаронида шуд:
1.Вохӯрии кафедраи “Маҳсулоти хӯрока ва агротехнология” бо мутахассисони соҳавӣ;
2.Вохӯрии кафедраи “Кафедраи таъмини барқ ва автоматика” бо мутахассисони соҳаи энергетика;
3.Вохӯрии кафедраи “Сохтмон” бо мутахассисони соҳаи сохтмон;
4.Вохӯрии кафедраи “Автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт” бо мутахассисони соҳаи нақлиёт.
Ҳамкорони марказ
Филиали кафедраҳо дар истеҳсолот яке аз шаклҳои муҳимӣ ҳамкории мактабҳои олӣ бо ҳамагуна соҳаҳои хоҷагӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисони баландихтисос, пурзӯр намудани самти амалии раванди таълим, гузаронидани тадқиқотҳои илмии муштарак ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот оид ба ташкил намудани филиали кафедраҳо дар назди истеҳсолот бо ҶДММ “Ҷавонӣ”, ҶДММ ”САТН”, ҶДММ ТАҚХ “Арванд”, ҶСК “Бонки Эсхата”, ҶСК “Барқи Тоҷик” Шабакаҳои барқии вилояти Суғд, ҶСК “АРЗ - 4” ва ҶДММ “ТИНИАЛ” шартнома баста шуд. Низомномаи филиали кафедраҳои тахассусӣ дар истеҳсолот таҳия карда шуда, дар ШО-и донишкада тасдиқ карда шуд.
Ҳар сол барои татбиқ намудани ҷойҳои нави корӣ ярмарка таҳти унвони «Интихоби мутахассисони арзанда» доир мегардад. Чорабинии мазкур нишон додани самараи фаъолияти маркази мартабаи донишкада ва робитаи онҳо бо корхонаву ташкилотҳо, ҳамчунин таъмин намудани корхонаҳо бо мутахассисони арзанда аз ҳисоби хатмкунандагони донишкада мебошад. Санаи 9 июни соли 2018 низ чунин ярмарка барпо гардид. Барои дарёфти мутахассисони арзанда зиёда аз 45 коргоҳу ширкатҳо, аз ҷумла Шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ш.Хуҷанд, Сарраёсати Агентии оморӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ширкатҳои сохтмонии ҶДММ «Тиниал», Ассотсиатсияи «Кедр», ҶДММ «Суғдшаҳрофар-М», ҶДММ «Еврострой-сервис», ҶДММ “Темур”, ҶДММ «ПМК-15» Филиали ҶСК “ПИЛҶ САНИИОСП”, Институти боғпарварию сабзавоткорӣ АИКТ, ҶСК “Нексигол”, коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «САТН», ҶДММ «Хлебокомбинат», ҶДММ "Яхмоси 33", ҶДММ «Зерновая компания», ҶДММ "Кабири Хуҷанд" ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Мутахассисони Рохи абрешим», Ширкати Doodle.tj, «Барқи тоҷик», «НБО Қайроққум» бонкҳои ҶДММ ТАҚХ «Матин», ҶСП ТАҚХ «Имон-интернешнл», ҶДММ ТАҚХ «АлифСармоя», ҶДММ ТАҚХ "Арванд" ва ғайраҳо ширкат доштанд.
Дар рафти ярмаркаи “Интихоби мутахассиси арзанда” зиёда аз 70 нафар хатмкунандагон ба кор даъват карда шуданд.