| Суроға: ш. Хуҷанд, куч. Ленин 226 Директор: Солиев Одилхӯҷа Маҳмудхӯҷаевич email: osoliev@gmail.com тел: +992 92 837 30 35 |
Дар асоси омӯзиши иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъсиси Парки технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар Донишкадаи политехникӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимон (№ 1 аз 25.08.2012) Оинномаи Парки технологии ДПДТТ муҳокима ва тасдиқ гардида, ба фаъолияти худ шурӯъ намудааст. Дар солҳои аввал парки технологӣ истеҳсоли тахтаи электронӣ бо таъминоти барномавии забони тоҷикиро ба роҳ монда буд. Солҳои минбаъда мувофиқи нақшаҳо фаъолияти парки технологӣ васеъ гардонида шудааст.
Самтҳои асосии фаъолияти парки технологии донишкада:
- Сехи дӯзандагӣ;
- Парки автомобилӣ;
- Ташхиси маводи хӯрока;
- Хизатрасониҳои компутерӣ;
- Коркарди барномаҳои компютерӣ;
- Тахтаи электронӣ (сборка)
- Марказҳои таълимӣ
- Барномарезии (корккарди) таҷҳизотҳои электронӣ.
Сехи дӯзандагӣ
Дар назди парки технологӣ сехи дӯзандагӣ фаъолият мекунад. Сехи мазкур дар назди кафедраи технология ва тарҳрезии маснуоти сабук бо роҳбарии директори донишкада, н.и.т., дотсент Саидӣ Д.Р. роҳандозӣ шуда, дорои 15 мошинаи чокдӯзии замонавӣ аст. Дар сехи дӯзандагӣ донишҷӯён ва устодони кафедра метавонанд бо истифодаи лоиҳаҳои нави дар кафедра коркардшуда либос дӯзанд, маҳсулотро бо технологияи нави манбаи эҳтиётӣ ва аз рӯи стандартҳои нав омода кунанд.
Дар асоси корҳои тадқиқотии методҳои ченкунии антропометрӣ аз соли 2014 сехи дӯзандагӣ бо коркард ва дӯхтани либосҳои мактабӣ машғул аст. Аввалин маҳсулоти сехи дӯзандагӣ либоси расмии мактаби хонандагони болаёқати ноҳияи Б.Ғафуров оғоз шуда, он аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи мактаби мазкур баҳои баланд гирифт.
Андозаи либоси мактабӣ аз рӯи стандарти нави антропометрӣ тайёр шуда, бо сифати баланд омода шудааст. Дизайн ва логотипи мактабӣ аз ҷониби донишҷӯёни барномасозии донишкада коркард шудааст. Парки технологӣ ба қабули фармоишҳо омода аст.
Соли 2017 курсҳои кӯтоҳмуддат барои дӯхтани либосҳои мактабӣ ташкил карда шуда, фаъолияташро идома дорад.
Парки автомобилӣ
Парки автомобилӣ дар назди Парки технологӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар ин ҷо таъмири автомашинаҳои сабукрав ба роҳ монда шудааст.
Хизматрасонии компютерӣ
Парки технологӣ ба мизоҷон барои ҳамкорӣ дар шаҳри Хуҷанд хизматрасониҳои гуногуни компютерӣ пешниҳод менамояд:
- коркарди таъминоти барномавӣ;
- коркарди сомонаҳо;
- таъмири компютерҳо ва ноутбукҳо;
- насби таъминоти барномавӣ;
- барқарор кардани маълумотҳои гумшудаи дискҳои гуногун;
- таъмири принтерҳо;
- пур кардани ранги принтерҳо;
Самти дигари фаъолияти парки технологӣ ин коркарди барномаҳои ватанӣ ва омӯзиши он мебошад. Парки технологӣ метавонад сохтан ва тағйирдиҳии веб-сомонаҳоро барои ташкилоту корхонаҳо ба зимма гирад. Васлкунӣ ва созкунии тахтаҳои электронӣ ва омӯзиши он, ташкили видеоконфронсҳо низ ба ӯҳдаи технопарк аст.
Дар донишкадаи политехники дар 4 факултет 2-тоги синфхонаҳои лингафони бо технологияи «Тонький клиент» сохта шуд.
Айни замон Парки технологӣ бо таъмири таҷҳизотҳои худи донишкада машғул буда, 20 компютери китобхонаи донишкада таъмир карда шуд. Ранги принтерҳои компютерҳои донишкада низ аз тарафи парки технологӣ пур карда шуда истодаанд.
Ташхиси маводи хӯрока
Парки технологӣ имконияти ташхиси маводҳои хӯрокаро дорад. Бо дастгирии ширкати GIZ таҷҳизотҳои лозима барои истеҳсоли багета дар бинои факултети муҳандисӣ-технологӣ насб карда шудаанд. Барои ташхиси маводи хӯрока дар донишкада якчанд лабораторияҳои замонавӣ фаъолият мебарад.
Парки технологӣ имконияти ташхиси маводҳои хӯрокаро дорад. Бо дастгирии ширкати GIZ таҷҳизотҳои лозима барои истеҳсоли багета дар бинои факултети муҳандисӣ-технологӣ насб карда шудаанд.
Дар парки технологии донишкада курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ташкил карда шудааст. Курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фанҳои зеринро меомӯзонад:
- васлу насб ва таъмири таҷҳизоти электрикӣ;
- технологияи информатсионӣ;
- технологияҳои истеҳсоли хӯроки омма;
- технологияҳои истеҳсоли нӯшокиҳо;
- муҳосиби компютерӣ;
Дастовардҳои парки технологӣ
- Парки технологӣ веб-портали www.biokishovarz.tj - ро бо дархости ташкилоти байналмиллалии GIZ сохта ба истифода додааст.
- Парки технологӣ муддати тӯлонӣ бо васли тахтаи электронӣ бо таъминоти барномавии тоҷикӣ, ки худ коркард кардааст, машғул аст.
- Бо дастгирии ташкилоти байналмиллалии GIZ якчанд таҷҳизоти муосир барои гузаронидани ташхисҳои гуногуни лаборатории сифати маҳсулоти хӯрока ба даст оварда шудааст.
- Парки технологӣ утоқҳои лингафониро бо технологияи “Тонкий клиент” ташкил мекунад.