СОХТОРИ ШУЪБАИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Мақсад ва вазифаҳои асосии шуъба
- Таҳия ба таҳрезии лоиҳаҳо, барномаҳо:
- роҳнамоӣ ва корҳои ташкилӣ – иттилоотӣ барои банақшагирӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар сохторҳои Донишкада;
- ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ, семинарҳо доир ба талаботи илмӣ – тадқиқотии рисолаҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ;
- ташкили бақайдгирии лоиҳаҳо дар сохторҳои давлатӣ, пешниҳоди лоиҳаҳои илмӣ барои гузаронидани экспертиза;
- ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дар самти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмии муштарак;
- рушди корҳои илмӣ – тадқиқотии хусусияти фундаменталӣ ва инноватсиони дошта дар Донишкада;
- таъмини иттилоот оид ба озмунҳо, чорабиниҳо, олимпиадаҳо, грантҳои муассисаҳои давлатӣ ва хориҷи кишвар вобаста ба лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ;
- таҳия ва тасдиқи нақшаи баргузории конференсияҳои илмию амалӣ, симпозиумҳо, семинарҳо дар доираи дурнамои нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили гӯшаи ахбори илмӣ оид ба натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ дар донишкада.
2. Амалӣ намудани ҷараёни илмӣ:
- назорат ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён, ихтироъкорон, олимони ҷавон ва донишҷӯён, инчунин таҳлили ҳисобот ва муайян намудани самти афзалияти ҳамаи зерсохторҳои шуъба;
- алоқаманд намудани корҳои илмӣ бо корҳои таълимиву амалии Донишкада, татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ дар раванди таълим;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотии Донишкада, пешниҳоди ҳисобот оид ба фаъолияти илмии Донишкада ба муассисаҳои роҳбарикунанда, ҳисобот оид ба иҷроиши барномаҳои давлатӣ вобаста ба илм, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, ҳисобот оид ба татбиқи натиҷаҳои корҳои татқиқотӣ дар амал, ҳисобот оид ба фаъолияти комиссияҳо, ҷамъиятҳои шуъба;
- омода ва таҳия намудани нақшаи корӣ, дурнамои рушд оид ба фаъолияти илмии Донишкада;
- бақайдгирии дастовардҳои илмии Донишкада, натиҷаҳои лоиҳаҳои илмӣ – тадқиқотӣ, татбиқи дастовардҳои илмӣ дар амал;
- ҷоннок намудани фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён, дастгирии донишҷӯёни болаёқат ва фаъоле, ки бо корҳои илмӣ машғуланд ва пешниҳод намудани довталабони арзанда ба аспирантура аз ҳисоби хатмкунандагон;
- назорат ва танзими фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедраҳо, ҷамиятҳо ва дигар зерсохторҳои донишкада;
- арзёбии фаъолияти илмии кафедраҳои донишкада ва пешниҳоду баррасии натиҷаи он дар ҷаласаҳои Шӯрои олимон;
- таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Шӯрои олимон, пешниҳод намудани нақшаи дурнамо ва солонаи корҳои илмӣ тадқиқотии донишкада.
- тайёр намудани нақшаи татбиқи амалии натиҷаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ дар раванди машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф;
- ҷалб намудани кормандони донишкада барои таҳсил дар аспирантура ва докторантураи дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани зарфияти илмии донишкада.
- тавсия ва сафарбар намудани мутахассисони соҳа барои иштирок намудан дар форумҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- таъмини иҷрои фармоишҳои Вазири маориф ва илм, Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои илмию методӣ ва Шӯрои олимони донишкада марбут ба масъалаҳои илмӣ- инноватсионӣ.
- назорати доимии раванди иҷрои нақшаи инфиродии аспирантон ва докторантон, гузаронидани аттестатсияи солонаи аспирантон.
- дида баромадани пешниҳодоти кафедраҳо оид ба мавзӯъҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва дар ин замина муайян намудани самт ва масоили фаъолияти илмии донишкада.
Фаъолияти нашрӣ:
- таъмини нашри маводи илмии олимон, олимони ҷавон ва донишҷӯён дар маҷаллаҳои илмӣ – амалии донишкада, ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар;
- таҳлил, мутобиқаткунонии мақолаҳои илмӣ ба талаботи ҷойдоштаи маҷалла, таъин намудани тақризгар ба мақолаҳои илмӣ;
-дастгирӣ ва нашри монография, мақолаҳои илмӣ, маҷмӯаҳои илмию методии кормандони донишкада.