Шуъбаи тарбия сохтори таркибии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  ба номи академик М.Осимӣ  буда, дар асоси  Оинномаи Донишкада  ва Низомномаи шуъбаи тарбия амал менамояд.   Вазифаи муовини директор оид ба тарбияро номзади илмҳои техникӣ Фаррух Аминов ба зимма дорад.  Кормандони шуъба бо мақсади дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳ корҳои амалӣ бурда, ҳамзамон фаъолияти кураторони гуруҳҳои академиро зери назорати доимӣ қарор медиҳанд.

Кормандони шуъба барои дар амал тадбиқ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ», қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳои директори Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ва супоришҳои раёсати Донишкада  вазифадоранд.

          Бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкада  ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Донишкада  зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурӯҳҳои академӣ  омӯзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, ҷараёни баргузории дарсҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаи тасдиқшуда назорат мебарад. 

         Солҳои охир дар мактабҳои олии касбии мамлакат баробари корҳои таълимиву илмӣ ба ҷараёни корҳои тарбиявӣ низ диққат ва аҳамияти бештар дода мешаванд. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш мавқеъ ва мароми аҳли зиёро дар созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускории аҳли ҷомеа таҳлил намуда, таъкид карданд, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо диққати ҷиддӣ ба ғайр аз тадрису таълим, ба корҳои тарбиявӣ низ равона карда шавад.  Аз ин рӯ, Раёсати донишкада  ва шӯъбаи тарбия сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, қарорҳои Шӯрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кӯшиш ва қувваю ғайрати худро равона намуда, дар пиёдагардидани сиёсати давлатро дар соҳаи маориф, оид ба болоравии сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир, воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ фаъолияти худро равона намудааст. 

Қонуни ҳамешасабз

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад.

 Бо дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургеро, ки вобаста ба тарбияи фарзандон ба дӯши онҳо меафтад, пурра эҳсос кунанд.   

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои тарбияи инсон, ба хотири сармояи зеҳнии фарзандонро тақвият бахшидан ва рушди захираҳои зеҳнии инсон кӯмаки саривақтӣ мерасонад, зеро сармояи зеҳнӣ ҳамчун маҳзани истифодаи мақсадноки захираҳои инсонӣ, пеш аз ҳама тавассути тарбия дар оила, ба воситаи таҳсил ба даст овардани маълумоти муосир ба вуқӯъ мепайвандад ва ба пешрафти ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.  Қабули ин қонун  ниҳоят саривақтӣ буда, он ба манфиати ҷамъият, оила, наврасон ва ҷавонон нигаронида шудааст, дар он ба таври возеҳ ҳуқуқ, ӯҳдадориҳои падару модарон, ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, чораҳои пешгирӣ ва ҷавобгарӣ барои иҷро накардани ӯҳдадориҳо дар таълиму тарбияи фарзандро нишон дода шудааст. 

          Ҳамасола дар кафедра ва факултетҳои донишкада дар партави омӯзиш ва тарғиби паҳлӯҳои гуногуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, фарҳангию фароғатӣ, аз қабили сӯҳбат, лексия, семинарҳои омӯзишӣ доир мегарданд, ки тавассути онҳо мӯҳтавои унсурҳои таркибии қонун ба маълумоти донишҷӯён расонида мешавад.

Ҳамчунин дар ҷаласаи кафедраҳо ва Шӯроҳои олимони факултетҳо ва донишкада нишондодҳои қонун ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо амалӣ гардонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» пайваста мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.  

Корҳои тарбиявӣ тавассути иштирок дар чорабиниҳои сиёсӣ, вохӯриҳо, маҳфилҳо, озмунҳои фарҳангӣ -адабӣ  амалӣ гардида, донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ яке аз бонуфузтарин ва баобрутарин  мактабҳои олии мамлакат буда, дорои анъана ва суннатҳои хоси худ мебошад.

          Яке аз чунин падидаҳои нодир дар ҳаёти Донишкадаи  мо, ҷалби собиқадорон ва насли калонсоли Донишкада  ба тарбияи ҷавонон ба шумор меравад, ки бештар ин амал маҳз ба хотири пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, маърифатӣ, гумманистӣ, меҳнатӣ, сиёсӣ, ҳуқуқиву ҷисмонии ҷавонон роҳандозӣ карда мешавад. Кормандони шӯъбаи тарбия дар ташкили вохӯриҳои донишҷӯён ва устодони Донишкада  бо вакилони халқ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҶТ, намояндагони иттифоқҳои эҷодӣ, адибону олимон ва ходимони ҷамъиятӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулони идораҳои давлатӣ ва воситаи ахбори омма  ва ғайра сармашки худ намуда, бо онхо мунтазам сӯҳбату вохӯриҳо доир менамояд,  иштироки онҳоро дар чорабиниҳои бузурги шаҳрӣ, вилоятӣ  ва ҷумҳуриявӣ амалӣ мегардонад.

Таваҷҷуҳ ба донишҷӯён

Донишҷӯён стипендияҳои номии вилоятӣ, шаҳрӣ  ва донишкадавӣ, стипендияҳои муқаррарӣ, кумакпулиҳо мегиранд.

          Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик  М.Осимӣ  донишҷӯёни ба хобгох  ниёзмандро   бо хобгоҳ таъмин мегардонад.  Дар Донишкада як  хобгоҳ мавҷуд мебошад, ки дар он  347 нафар донишҷӯписар,  64  нафар донишҷӯдухтар, 14 нафар магистрон ва аспирантон , 11 нафар устодон зиндаги доранд. Аз ин миқдор   34 нафар донишҷӯёни  тариқи квота таҳсилкунанда, ки  5 нафарашон  духтаракон мебошанд, 3 нафар донишҷӯи  ятими кулл, 1 нафар маъюбидараҷаи дуюм, 1 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташкил медиханд. Хобгоҳ бо оби гарм, толори истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ, синфхона барои дарстайёркунӣ  пурра таъмин мебошад.

Дар доираи корҳои тарбиявӣ силсилаи озмунҳои донишкадавӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ, аз қабили маҳфилҳои «Маҳфили хушдилону ҳозирҷавобон»(КВН), «Ҳомиёни Ватан» «Бонуи сол» «Камолхонӣ», «Фуруғи ҷавонӣ», «Андалеб» гузаронида мешаванд. Дар тарбияи маънавии донишҷӯён ансамбли асбобхои миллӣ   нақши барҷаста дорад. Дар кори ансамбл доираи васеъи донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон, ки ба санъат дилбастагии зиёде доранд, ҷалб гардида, бо дастовардҳои хуби эҷодӣ аз чумла ғолибият дар озмунҳои фарҳангии шаҳрӣ ва вилоятӣ сарфароз гардидаанд. Кормандони ансамбл дар ташкил ва гузаронидани ҳар гуна чорабиниҳое, ки дар Донишкада баргузор мегардад, ҳиссагузорӣ намуда, бо барномаҳои рангини консертии худ хотири меҳмононро болида мегардонанд.

Тарбияи сиёсӣ

Дар донишкада дар иртибот ба қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки бо пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст, конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид.

 

Тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ

         Дар доираи таҷлили рӯзҳои ҷавонӣ бо ташаббуси МИҲД-и в. Суғд ҳунармандони театри ба номи Абулқосим Лоҳутиӣ  бо намоишномаи «Қиссаи ғамгину рангин» аз рӯи асари Арбоби Шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов меҳмони донишкада шуданд. Намоишнома аз ҷониби Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадшоҳ Улфатшоев таҳия шуда, аз рӯзгори як оила, ки ба ҳамдигар меҳру садоқати беандоза доранду ба ҷомеаи пур аз макру хиял ва фисқу фасод мубориза мебаранд нақл мекунад. Бояд гуфт, ки намоишнома аз ҷониби устодон ва донишҷӯён хуш пазируфта шуд ва зимни мулоқоти озод онҳо хоҳиш карданд, ки минбаъд низ меҳмони донишкада гарданд.

  

Тарбияи ҷисмонӣ

Дар донишкада ба рушди соҳаи варзиш диққати ҳамаҷониба медиҳанд. Ширкати фаъолона дар спартакиадаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ, ғолибияти донишҷӯён дар риштаҳои баскетбол, таэквандо, дзюдо, қаиқронӣ, худ далели гуфтаҳои болоӣ  мебошанд.

Моҳи марти соли 2017 дар толори варзишгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи  волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Варзишгарони Донишкадаи политехникӣ ҷойи дуюмро ишғол намуданд.

Ба ифтихори эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намуди варзиш доир гардид. Шарафи вилоятро ғолибони даври вилоятӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳимоя карданд. Донишҷӯи соли сеюми факултети муҳандисӣ- иқтисодии донишкада Хуршед Рашидов дар вазни 70-кг аз байни 20 варзишгарон мақоми дуюмро соҳиб гардида, соҳиби медали нуқра ва ифтихорнома гардид. Медал ва ифтихорномаро раиси Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов А. дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид.

Санаи 29.03.2017 бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш  бо иштироки шумораи зиёди устодону донишҷӯёни донишкада майдончаи футболи назди хобгоҳ ба истифода дода шуд.

 

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и в. Суғд ва ш.Хуҷанд мусобиқаи кушоди Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд аз рӯйи намуди баскетбол байни духтарон дар толори варзишии Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Духтарони баскетболбози донишкада бори нахуст дар ин мусобиқаи вилоятӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи якум ва бо Ҷом, медал, туҳфаҳою ифтихорномаи Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

Тарбияи ҳуқуқӣ

Вохӯри бо намояндагони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд  бо донишҷӯёни донишкада баргузор гардид.

 

Вохӯрии донишҷӯён  бо намояндагони Раёсати Кумитаи давлати амнияти милии Тоҷикистон дар в. Суғд ва МИҲД-и ш. Хуҷанд оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ дар доираи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон.

Вохурии донишҷӯён бо намояндагони  хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасон ва ҷавонони РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ,намояндаи МИҲД оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, намояндаи уламои дини вилоят

   

Тарбияи хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ

Бахшида ба 20- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки донишҷӯёни донишкада доир гардид.

   

 Тарбияи ватанпарастӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳифз ва гиромидошти ҳуввияти миллӣ, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётиву касбии онҳо, омода намудани  ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат ба ифтихори 24-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани соли 2017 – Соли ҷавонон дар хобгоҳи донишкада миёни писарони бошандагони хобгоҳ озмуни “Ҳомиёни Ватан” аз рӯи чор шарт- санҷиши дониши сиёсӣ тариқи саволу ҷавоб, вазнбардорӣ, тоза ва реза кардани сабзӣ, тез ва босифат тоза кардани маҳсулоти лӯбиёдонагӣ, аз қабили нахӯд, мош, лӯбиё, биринҷ ва маҳорати рақс доир гардид. 

   

Аз тарафи Шӯрои духтарони донишкада барои донишҷӯписарон чорабинии фарҳангию фароғатӣ доир гардид. Қайд карда шуд, ки ҳимоя ва ҳифзи Ватан, муқаддасот ва арзишҳои миллии кишвар аз вазифаҳои аввалиндараҷа аст.

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ дар тинати ҷавонон ва омодагии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум озмуни «Ҳомиёни Ватан» баргузор гардид.

Бахшида ба Иди Ғалаба вохурии донишҷӯён бо иштирокчии ҶБВ Мирзоалиев Сотимбойи 92-сола, ки иштирокчии фронти 2-юми Украина мебошад,  барпо гардид.

Тарбияи зебоипарастӣ

Соли дуюм аст, ки бо ибтикори Раиси вилояти Суғд донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии вилоят дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо мақсади дарёфт, интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби ҷавонони фаъол дар Маркази  солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонони ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ба истироҳату фароғату донишомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

   

Дар ифтитоҳи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атласи Хуҷанд» дар арафаи Наврӯзи 2017, ки Сарвари давлат дар доираи сафари кории худ дидан намуданд, дар намоиши дӯхти либосҳои мардонаву занона аз матоъҳои миллӣ зиёда аз 10 нафар донишҷӯдухтару донишҷӯписарони донишкада иштирок карданд.

        

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи шиносоӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи вилояти Суғд бо мақсади тамошои барномаи консертии ҳунармандони соҳибистеъдоди панҷ ансамбли навтаъсиси вилояти Суғд ба Кохи фарҳанги «Суғдиён» ташриф оварданд

Дар ин чорабинии пурмуҳтаво 17 нафар ҷавонони донишкада бо роҳбарии раиси созмони ҷавонони донишкада иштирок намуданд

Тарбияи масъулиятшиносӣ

Мулоқоти озоду шаффофи директори донишкада  бо донишҷӯён. Сарвари донишкада нахуст дар баромади хеш аз дастгириву ғамхориҳои давлат ва Ҳукумат нисбати ҷавонон ҳарф зада, аз ҷумла зикр дошт, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ барои ҷавонон бисёр ташаббусҳои созанда аз қабили ташкили квотаи Президентӣ, стипендияи Президентӣ, роҳандозии якчанд барномаҳо вобаста ба рушди варзиш ҷорӣ карда шудаанд. Вазифаи асосие, ки алҳол дар назди донишкада меистад, ин омодакунии мутахассисон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз қабили иқтисодчиёну молияшиносон, барномасозону мутахассисони соҳаи телекоммуникатсия, технологҳою муҳандисони соҳаи барқ, нақлиёт, саноати сабук, хӯрокворӣ, меъморӣ, дизайн ва ороишӣ мебошад.

 Мулоқот ба ҷавонон имконият дод, ки аз мушкилию муаммои худ ҳарф зада, ҳамзамон ба хотири пешравии кор таклифу пешниҳодҳо доданд.

Директори донишкада барои масъулиятшиносиву одоби хуби донишҷӯён изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки роҳбарияти муассиса барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани раванди таълим аз имкониятҳо истифода мебарад.

Дар донишкада озмуни маърифатӣ-зеҳнии “Арӯси наврӯзӣ” доир гардид.  Озмун аз рӯи чор шарт “Соҳибҷамоли наврӯзӣ”, “Соҳибхона”, “Орифа” ва “Кадбону” баргузор гардида, маҳорати донишҷӯдухтарон  бо пешниҳоди либоси миллии арӯсӣ, дарзмол кардани шиму куртаи мардона ва бастани галстук, самти ҳозирҷавобӣ, омода намудани хуриши наврӯзӣ мавриди санҷиш қарор гирифт.

Санаи 17 март даври ниҳоии озмуни маърифатӣ-зеҳнии «Арӯси наврӯзӣ» миёни 30 донишҷӯдухтарони муасиссаҳои олии кишвар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ғолиби даври якуми донишкадавӣ Гулина Мардикова маҳорати баланди ҳунарварӣ нишон дода, байни 30 муассисаҳои олии кишвар мақоми сеюмро ба даст овард.

Ба ғолиб дар вазъияти тантанавӣ дипломҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи кишвар супорида шуд.

Бо ибтикори кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят бахшида ба эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон дар толори варзишии МТМУ№19-и шаҳри Хуҷанд озмуни «Маликаи наврӯзӣ» ва озмуни варзишии миллӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ баргузор гардид. Дар озмун аз рӯи шартҳои ифоданок хондани шеър ё тарона, ороиши дастурхон, газетаи деворӣ, намоиши либосҳои миллӣ, бозиҳои миллӣ  дастаи донишкада фаъолона баромад намуда, соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар доираи эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон наздики як моҳ  байни бошандагони хобгоҳи донишкада озмуни «Ҳуҷраи беҳтарин» ва «Ошёнаи беҳтарин» ҷараён гирифта, дар он ҳамаи донишҷӯёни дар хобгоҳ иқоматдошта фаъолона ширкат варзиданд. Санаи 29.03.2017 озмуни мазкур ҷамъбаст гардид. Ба ғолибон тӯҳфаҳо аз қабили тафдони барқӣ, асбоби обмеҷӯшонда аз тарафи директори донишкада тақдим карда шуд.

        Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги оиладорӣ, омода намудани духтарон ба оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқ намудани бунёди оилаи солим, тарзи муошират дар оиладорӣ, муносибати хуби байниҳамдигарӣ, сабру таҳаммул, иззату эҳтиром, рафтори ғамхорона нисбат ба якдигар, одоби рӯзғордорӣ ва маҳорати кадбонугӣ бахшида ба эълон шудани соли 2017-Соли ҷавонон Фестивал-озмуни «Гулдухтарони суғдӣ» доир гардид.

 Бо иқдоми МИҲД-и ш. Хуҷанд Фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ» баргузор гардид, ки ҳадафаш дарёфте чеҳраҳои нав, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа мебошад..

Боиси хушнудист, ки донишкада ғолиби ин озмун дониста шуд . Дар лаҳзаи тантанавӣ ба ғолиби Фестивал-озмуни «Хурӯши ҷавонӣ»,ки ба Соли ҷавонон, 20 солагии «Рӯзи ваҳдати миллӣ» бахшида шуда буд Ҷом, Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро муовини Раиси вилоят ва Раиси ш.Хуҷанд супориданд.  

Тарбияи миллӣ

Дар боғи Ваҳдати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳузури Сарвари давлат наврӯзи вилоят бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ наздик ба 6 ҳазор сокинони ваҳдатшиори вилоят ширкат варзиданд.

350 нафар донишҷӯёни фаъолу ҳунарманди донишкада дар бахши ҳунари ҷавонон “Блоки ҷавонон ва гулҳо” фаъолияти хуб нишон доданд.

 Тарбияи меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ

     Ба муносибати қабули қатъномаи маҷмааи умумии СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон бо иқдоми кафедраи дизайн ва меъморӣ намоиши корҳои эҷодии донишҷӯёни факултет дар мавзӯи «Об манбаи ҳаёт» доир гардид. Ҳамчунин чеварону тарроҳони гулдасти факултет бо баргузории як намоиш-подиум либосҳои дӯхтаи худро ба тамошобинон пешкаш намуданд. Ба ҳамаи ғолибон сарвари донишкада дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравиро супорид.

 Тарбияи иқтисодӣ

Дар арафаи иду ҷашнҳо расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимони кул, ки дар донишкада таҳсил доранд, ба ҳукми анъана ворид гаштааст.  Бо иқдоми Раёсати донишкада дар арафаи ҷашнҳо ба ҳамаи онҳо кӯмакпулиҳои яквақтина расонида мешавад. 

Тарбияи ҳаёти солим

Ҳамасола дар давраи таътили тобистона ва зимистона  донишҷӯёни донишкада ба истироҳат дар мавзеи хушобу ҳавои истироҳатгоҳҳи солимгардонии вилоят, аз ҷумла, Истироҳатгоҳи солимгардонии  ба номи 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳату фароғат ҷалб мегарданд. 

Баргузории озмуни маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон дар остонаи ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон

Тарбияи гуманистӣ  

Ҳамасола бо иқдоми донишҷӯён  ба  мактаб-интернатҳо, хонаи кӯдакон, хонаи пиронсолон, беморхонаи касалиҳои руҳӣ ва монанди инҳо, ки дар қаламрави вилоят ҳастанд,  дасти ёрӣ дароз карда мешавад. Донишҷӯён дар арафаи ҷашну маросимҳо ва ё лаҳзаҳои истироҳат сарҷамъ гардида, ҳамакаса  бо ҳамроҳии устодон ба хона - интернатҳои мазкур бо барномаҳои рангини намоишӣ ва тӯҳфаҳо ташриф меоранд. 

Тарбияи экологӣ

Баҳри тозаву озода гардонидани гирду атроф ва мавзеъҳои ба донишкада вобасташуда бо иштироки васеи устодону донишҷӯён чандин маротиба ҳашар (шанбегиҳо) гузаронида мешавад. Ин анъанаи нек ҳамасола бо фаъолнокии устодону донишҷӯён идома хоҳад ёфт. 

Сообщить о нарушении Подробнее