“Варзиш мактаби обутоби ҷисмонӣ ва мардонагӣ буда, ҷавононро барои ҳимояи марзу бум, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, оромиву суботи кишвар ва ҳифзу таҳкими дастовардҳои бузурги давлатӣ ҳидоят мекунад”.   

Эмомалӣ Раҳмон

 

Варзиш – гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, барои беҳдошти саломатии аҳолии ҷомеа ва парвариши насли навраси солиму неруманд аҳамияти бузург дорад. Ҳар чӣ қадар ба рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам оварем, ҳамон қадар насли ҷавонро аз амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, аъзо шудан ба гурӯҳҳои экстремистиву ифротгаро ва ғайра наҷот мебахшем.

Ба варзиш машғул шудан инсонро ҳамеша солиму бардам ва руҳан қавӣ мегардонад. Боиси хушнудист, ки дар донишкада ба рушди соҳаи варзиш диққати ҳамаҷониба медиҳанд. Ширкати фаъолона дар спартакиадаи вилоятиву ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олӣ, ғолибияти донишҷӯён дар риштаҳои баскетбол, таэквандо, дзюдо, қаиқронӣ, муҳорибаи тан ба тан (ММА) худ далели гуфтаҳои болоӣ  мебошанд. Чунончӣ донишҷӯи соли аввали факултети информатика ва энергетика Меҳроб Давлатов, ки аз синни 15 солагӣ ба намуди варзишии дзюдо машғул аст, дар мусобиқаи вилоятӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ оид ба ҳамин намуди бозӣ миёни ҷавонони синашон аз 19 сола поён сазовори ҷойи якум гардид. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 10-11 сентябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қаиқронӣ дар байни ҷавонони то 21 сола баргузор гардид. Донишҷӯи курси 4, гурӯҳи 69.01.01та Раҳимов Абдураҳмон дар ин мусобиқа маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, дар ҷамъбаст ҷойи аввалро соҳиб гардид. Диплом ва медалро дар вазъияти тантанавӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Абдуллозода ба ӯ супорид. Санаи 27 сентябри соли 2016 дар варзишгоҳи шаҳри Исфара мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзишии санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Донишҷӯи курси 2, факултаи муҳандисӣ-иқтисодӣ Рашидов Хуршед дар ин мусобиқа хуб баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид. Санаҳои 20-24 октябри соли 2016 дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба тениси рӯи миз доир гардид. Боиси хушнудист, ки донишҷӯи курси 3, факултети информатика ва энергетика  Шероз Набиев ҳамчун ғолиби мусобиқаи вилоятӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ қувваозмоӣ намуда, дар ҳисоби даставӣ ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби медал ва Ифтихорнома гардид.

Моҳи марти соли 2017 дар толори варзишгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ба даври нимниҳоӣ коллеҷи тиббӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд роҳ ёфтанд. Варзишгарони Донишкадаи политехникӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Моҳи марти соли 2017 дар толори варзишгоҳи коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи волейбол байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ доир гардид. Ба даври нимниҳоӣ коллеҷи тиббӣ, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд роҳ ёфтанд. Варзишгарони Донишкадаи политехникӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 Ба ифтихори эълон гардидани соли 2017- Соли ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи ин намуди варзиш доир гардид. Шарафи вилоятро ғолибони даври вилоятӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз ҳимоя карданд. Донишҷӯи соли сеюми факултети муҳандисӣ- иқтисодии донишкада Хуршед Рашидов дар вазни 70-кг аз байни 20 варзишгарон мақоми дуюмро соҳиб гардида, соҳиби медали нуқра ва ифтихорнома гардид. Медал ва ифтихорномаро раиси Федератсияи миллии Ҷиу – Ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов А. дар вазъияти тантанавӣ ба ӯ супорид.

 

 

Санаи 29.03.2017 бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани соҳаи варзиш  бо иштироки шумораи зиёди устодону донишҷӯёни донишкада майдончаи футболи назди хобгоҳ ба истифода дода шуд.

 

 

 

Дар расми ифтитоҳи майдончаи варзишӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки варзиш - гарави саломатӣ ва саломатии миллат, шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Раёсати донишкада бо мақсади рушди соҳаи варзиш толори варзишии факултети муҳандисӣ-иқтисодиро азнавсозӣ намуд.

Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии МИҲД-и в. Суғд ва ш.Хуҷанд мусобиқаи кушоди Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд аз рӯйи намуди баскетбол байни духтарон дар толори варзишии Коллеҷи тибии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Духтарони баскетболбози донишкада бори нахуст дар ин мусобиқаи вилоятӣ ширкат варзида, сазовори ҷойи якум ва бо Ҷом, медал, туҳфаҳою ифтихорномаи Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

Дар чорабинии оммавии варзишӣ «Дави миллӣ» беш аз 15 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии в. Суғд дар суханрониаш ба Раиси в. Суғд ҷиҳати дастгирии пайвастаи ҷавонон, махсусан варзишгарону ҷавонони соҳибистеъдод изҳори сипос намуд. Дар поёни чорабинии варзишӣ намояндагони фаъоли 15 муассисаву ташкилот бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 25.01.07 та Раҳимҷон Пӯлодов аз ҳама давандагон пештар ба марра расида сазовори ҷойи аввал бо Ифтихорнома сарфароз гардид.

Санаҳои 10-11.05.2017 дар толори варзишии Коллеҷи тиббии ш. Хуҷанд мусобиқаи шаҳрӣ оид ба дастхобонӣ байни ҷавонписарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мақсади чорабинии мазкур тарғиби мусобиқаи дастхобонӣ байни донишҷӯён, тарзи ҳаёти солим ва пайдо намудани варзишгарони болаёқат ба дастаи мунтахаби донишгоҳҳо буд. Дар мусобиқаи мазкур 64 нафар ҷавонписарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. Донишҷӯи курси 2, факултети информатика ва энергетикаи донишкада Одинаматов Аббос дар вазни 75 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид.

Сообщить о нарушении Подробнее