|
Сардори иттифоқи касаба Бобоҷонова Н.И |
Иттифоқи касабаи ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ соли 2010 пас аз ташкилёбии Донишкадаи политехникӣ бунёд ёфтааст. Он ташкилоти ҷамъиятии худидоракунанда буда, кормандони муассисаи мазкурро аз лиҳози манфиатҳои умумӣ дар соҳаи фаъолияти истеҳсолиашон, мехнатиашон барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар манфиатҳои аъзояш аз рӯи принсипҳои соҳавӣ муттаҳид менамояд.
Иттифоқи касабаи ДПДТТ фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёриву ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Оиннома ба роҳ мемонад.
Иттифоқи касаба дар фаъолияташ мустақил мебошад, дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, партияҳои сиёсӣ ва ғайраҳо ҳисоботдиҳанда набуда, таҳти назорати онҳо қарор намегирад. Ба онҳо ҳамкориро дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Сохтори иттифоқи касабаи ДПДТТ аз иттифоқи касабаи муассисаи таълимӣ КМИК-и ДПДТТ иборат мебошад.
Иттифоқи касаба тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сарҳисоб, мӯҳри ягона, тамға(штамп), бланк бо номи расмии Иттифоқи касаба, рақами мушаххас, молу мулк, сомона, нишон, парчам, парчами сайёр, вимпел, васоити ахбори омма, билети аъзогии Иттифоқи касаба, шаҳодатнома, сипоснома, ифтихорнома, нишони сарисинагӣ, корманди фахрии Иттифоқи касаба ва раҳматнома мебошад, ки шакли он дар мақомоти Иттифоқи касаба тасдиқ карда мешавад.
Мақсади иттифоқи касаба аз ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва зеҳнӣ дар ҳамаи зинаҳои мақомоти судӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муттаҳид намудани кормандони муассисаи таълимӣ, ДПДТТ барои бадаст овардани муваффақиятҳои меҳнатӣ, иҷрои нақшаҳои таҳрезишуда, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, шароити арзандаи зиндагӣ, маоши хуби аъзоёни иттифоқи касаба иборат мебошад.
Вазифаҳои иттифоқи касаба аз назорати пардохти музди меҳнат, стипендия ва кӯмакҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқҳои меҳнатӣ, касбӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнӣ, тибқи талаботи қонунҳо муҳайё намудани шароити мусоид ва бехатарии меҳнат, иштирок дар омода намудани барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, ҳифзи меҳнат, дар комиссияи баҳсҳои меҳнатӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои аъзоён, дар гузаронидан ва муайян намудани сатҳи зиндагии аъзои иттифоқи касаба, меъёри ҳадди ақали музди меҳнат ва сабади истеъмолӣ, дар гузаронидани гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаи коллективӣ ва назорати ҷамъиятии онҳо, дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба сиёсати ҷавонон, гендерӣ ва дигар барномаҳо бо мақсади ваколатдори давлатӣ, дар тартиб додани барномаҳои иҷтимоӣ ба манфиати аъзоёни иттифоқи касаба, ҳифзи ҳуқуқҳои аъзоёни иттифоқи касабаро ҳангоми ихтисори воҳидҳои корӣ, азнавташкилдиҳӣ ва ё қатъ намудани фаъолияти муассиса, ташкилот ва корхонаҳо ҳимоя мекунад.
Принсипиҳои фаъолияти иттифоқи касаба аз интихоби будани аъзои мақомоти иттифоқи касаба ва ҳисоботдиҳанда будани раис дар назди он, муттаҳидӣ ва ягонагӣ дар қабули қарорҳо тибқи муқаррароти оиннома, қабули қарорҳои анҷуман, конференсия, маҷлис, плениум ва раёсат тариқи овоздиҳӣ, ҳатми иҷро намудани қарорҳои қабулкардаи мақомотҳо, ихтиёрӣ аъзо шудан ба иттифоқи касаба ва даст кашидан аз он, шаффофият ва риояи низоми молиявии мақомот ва ташкилоти иттифоқи касаба, мустақил будани ташкилоти иттифоқи касаба ва мақомоти интихобии он дар доираи ваколатҳои оинномавӣ ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба амал баровардани сиёсати кадрӣ, инчунин ба роҳ мондани омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва фаъолони иттифоқи касаба, баробарҳуқуқии ҳамаи аъзоёни иттифоқи касаба, шаффофият ва ошкорбаёнӣ иборат аст.
Ҳуқуқҳои аъзои иттифоқи касаба аз бархурдорӣ аз имтиёзҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбиникарда, ки байни корфармо ва КМИК баста шудааст, аз ваколатҳои иттифоқи касаба барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, касбӣ ва зеҳнии худ истифода намояд, номзадии худро барои интихоб шудан ба мақомоти роҳбарикунандаи иттифоқи касаба пешбинӣ намояд, вакил ба маҷлиси умумӣ, конференсия ва анҷуман пешниҳод кунад, интихоб кунад ва интихоб шавад, аз муассисаҳои, табобатӣ, фарҳангиву варзишӣ ва амволи иттифоқи касаба ба тариқи ройгон, имтиёзнок ва подошпулӣ тибқи тартиби муқарраршуда истифода барад, дар идоракунии муассисаҳои соҳаи маориф ва илм иштирок намуда, барои беҳтару хубтар шудани фаъолияти онҳо таклифу пешниҳодҳо намояд. Камбудиҳои дар кори аъзои коллективи меҳнатӣ бударо ошкоро гӯяд ва роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намояд.
Аъзои иттифоқи касаба ӯҳдадор аст, ки Оиннома ва Низомномаи Иттифоқи касабаро риоя намояд, талаботҳои онро иҷро кунад. Дар кори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба иштирок карда, қарорҳои мақомоти иттифоқи касабаро иҷро намояд, дар таҳияи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ иштирок карда, фикри худро ошкоро ва озодона баён намояд ва таклифу пешниҳодҳо кунад, шартҳоеро, ки дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ гардидааст, иҷро намояд, барои обрӯ ва мақоми Иттифоқи касабаро баланд бардоштан мусоидат намояд, мунтазам ҳаққи аъзогии ташкилоти иттифоқи касабро дар 1% аз маоши музди меҳнат, стипендия ва аз ҳамаи намуди даромадҳо пардохт намояд.