Ташкилоти ибтидоии собиқадорони донишкада дар асоси оинномаи «Ташкилоти ҷамъиятии ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» , ки 11 октябри 1996 дар конференсияи 3-юми Ташкилоти ветеранҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолият менамояд. Мақсади таъсиси ташкилот мусоидат намудан ба ҳама гуна ҳуқуқу манфиатҳои ветеранҳо мебошад.
Ташкилот барои ба ин мақсадҳо расидан вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- одамони таҷрибаи зиёди зиндагӣ андӯхтаро ба ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва байналмиллалӣ , хизмати ҳарбӣ, ҳушёрии сиёсӣ ҷалб менамояд;
- мусоидат дар беҳтар намудани шароити манзилӣ, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраҳо;
- мусоидат дар кори дуруст нигоҳ доштани лавҳаҳои ёдгорӣ, тахтасангҳо ва ғайраҳо;
- мусоидат ва дастгирии кӯҳансолон, маъюбон, беморон, ятимон ва аёдати онҳо;
- мусоидат ба гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ дар байни ветеранҳо;
- ба амал баровардани дигар намуди фаъолият дар асоси иҷозатнома, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад
Бо ин мақсад аёдати беморон, нафақахӯрони аз кор монда, вохӯриҳо ва мулоқотҳо бо шахсони намоён, мутахассисони варзида, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни муҳорибаҳо гузаронида мешавад. Фаъолияти ТИС-и донишкадаро бюрои ташкилот мебарад, ки дар маҷлиси ҳисоботию интихоботӣ 30 марти 2016 интихоб гардидааст.
ВОХӮРИҲО БО ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГУ МЕҲНАТ
Вохӯрии донишҷуёни барномарез бо ноиби директор оид ба таълим нифм, дотсент Мақсудов Хуршед Темурович. Дар ин вохӯрӣ донишҷуён ба саволҳои худ доир ба нозукиҳои касби барномарез ва навигариҳо дар раванди таълим ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Вохӯрии донишҷуёни факултетҳои ФИЭ ва ФСН бо иштирокчии Ҷанги Бузургӣ Ватани Сотимбой Мирзоалиев. Мавсуф аз роҳи ҷангии худ ба устодон ва донишҷӯён нақлҳои ҷолиб намуд. Ба Мирзоалиев Сотимбой аз ҷониби Раёсати донишкада, кумитаи иттифоқи касаба тӯҳфаи хотиравӣ тақдим карда шуд( 5.05.2017)
Мулоқоти донишҷуёни бахши аввали донишкада бо хатмкунандаи аввалини донишкада(он гоҳ Филиали Ленинободии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон) –собиқадори меҳнат Абдувалиев Абдуҷалил. Дар мулоқот ноиби директр оид ба илм ва инноватсия Холматов Т.Ё. ва раиси ТИС Раҷабов Ғ.А. иштирок карданд (3.02.2017)
Мулоқоти собиқадори меҳнат-аввалин хатмкунандаи донишкада бо донишҷуёни соли дуюми ихтисоси 50.01.01. ва 02. дар факултети технологӣ. Абдуҷалил Абдуваҳҳобов зимни мулоқоти озоду шафоф бо шогирдони факултет баён доштанд, ки касби интихобкардаи худро дӯст доранд ва барои рушди саноати сабук, ки ояндаи дурахшон дорад, бо дониши андӯхтаи худ саҳм гузоранд. Дар вохӯрӣ декани факултет Ваҳобов А. ва устодон иштирок ва баромад намуданд. (28.04.2017)
«Лаҳзаи хотирмони Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомали Раҳмон буд »- гуфт собиқадори меҳнат –иштирокчии иҷлосияи таърихӣ номзади илмҳои техникӣ, дотсент Фатҳиддинов Б.Р. дар ҷавоб ба саволи яке аз донишҷӯён. (3.11.2016)