Шуъбаи тайёрии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи сентябри соли 2010 таъсис ёфтааст. Шуъбаи тайёрии донишкада дорои иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таълим дар Шуъбаи тайёрӣ вобаста ба сатҳи забондонии шунаванда ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои курсҳои тайёрӣ донишкада аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон дарсҳо гузаронида мешаванд. Дарсҳо дар курсҳои тайёрӣ аз моҳи октябр то моҳи июн давом мекунанд. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ довталабон аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон ба гурӯҳҳо равона карда мешаванд.

 

Ҳуҷҷатҳои зерин аз шунавандагон  талаб карда мешавад:

Маълумотнома аз мактаб

2 дона расми андозааш 3х4

Нусхаи шиноснома (1 нусха)

Нусхаи шиносномаи волидайн

Конверт (лифофа)

Делои шахсӣ (скоросшиватель)

 

Курсҳои тайёрии донишкада шартномавӣ буда, зиёд шудани теъдоди довталабон барои беҳтар шудани вазъи иқтисодӣ-молиявии ҳам омӯзгор ва донишгоҳ мусоидат мекунад. Маблағ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ барои пурра хондани дарсҳои курси тайёрӣ муайян карда шудааст.

Шунавандагон бояд, ки аз рӯи фанҳои муқарраршуда мутобиқи барномаҳои корӣ дарсҳоро аз худ кунанд ва ба супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ тайёрӣ бинанд.

Дар курсҳои тайёрии донишкада омӯзгорони ботаҷриба дарс мегузаронанд.

Ному насаби омӯзгорон

Фанҳо

1.

Раҳимов А.А., Темурова С.Т.

Математика

2.

Тоҷибоева И., Салимова М.

Физика

3.

Ҳоҷибоев М.

Химия

4.

Мақсудова М.

Биология

5.

Тоҳирова М.А., Атаева Т., Содиқова Т.

Забони англисӣ

6.

Шарипов Ҷ., Мусоева Х.

Георафия

7.

Темирова Х., Хоҷаева Н.А., Нозирова М., Файзиева Ш

Забони тоҷикӣ

8.

Ғозиева М., Темирхоҷаев А., Шарипова М.А.

Таърихи халқи тоҷик ва асосҳои давлат ва ҳуқуқ

9.

Саидова С.А.

Расмкашӣ

 

Миқдори соатҳои барои курсҳои тайёрӣ муайян шуда:

Фан

Микдори соат

1

Математика

96

2

Забони тоҷикӣ

32

3

Таърихи халқи тоҷик

25

4

Асосҳои давлат ва ҳуқуқ

10

5

Забони англисӣ

24

6

География

40

7

Химия

45

8

Физика

45

9

Расмкашӣ

20

10

Биология

45

 

Бо мақсади санҷидани дараҷаи дониши шунавандагон аз фанҳои муқарраршуда ҳар моҳ ду маротиба аз тарафаи кормандони шуъба имтиҳон гирифта мешавад.

Мушоҳидаҳои солҳои гузашта нишон медиҳанд, ки баъд аз хатми курсҳои тайёрӣ савияи дониши довталабон нисбатан баландтар шуда, сифати тайёрии донишҷӯён беҳтар шуда истодааст. Тақрибан 95% шунавандагоне, ки дар курсҳои тайёрии донишкада таҳсил намудаанд, ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд, ки ин асоси устуворӣ ва обрӯи донишгоҳ аст.

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд қабули шунавандагонро барои таҳсил ба курси тайёрӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олии Тоҷикистон ба воситаи Маркази миллии тестӣ омода аст.

Қабули ҳуҷҷатҳо барои курси тайёрӣ аз соати 8:00 то 16:00 сурат мегирад.

Сообщить о нарушении Подробнее